Вуруди нуҳумин маҳмулаи ваксинаи русӣ « Спутник V » ба Эрон
Нуҳумин маҳмулаи ваксинаи русии « Спутник V » вориди Эрон шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нуҳумин маҳмулаи ваксинаи русӣ « Спутник V » бо ширкати ҳавопаймойи Моҳон имрӯз панҷшанбе вориди Теҳрон шуд ва дар фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба замин нишаст .
Ин маҳмӯла шомили сад ҳазор дозаи ваксинаи « Спутник V » аст .
То кунун дар тайи 9 марҳила ҳудуди 920 ҳазор дозаи ваксина аз Русия ба Эрон ирсол шудааст .
Эрону Русия илова бар қарордоди ду миллион дозии ваксинаи « Спутник вай », ки байни ду тараф имзо шуд, қарордоди 60 миллион дозаи ваксина барои ваксинасияи комили 30 миллион нафарро имзо ва ниҳоӣ карданд, ки бар асоси он қарор аст дар соли ҷорӣ ба Эрон ирсол шавад .
Ҳамзамон бо ирсоли маҳмулаҳои ваксина тарҳи тавлиди муштараки ваксинаи « Спутники вай » дар Эрон вориди марҳилаи иҷроӣ шуда ва то кунун ду ширкати эронӣ, ҳуҷайраҳои тавлиди ваксинаро бо муваффақият кишт кардаанд ва ба зӯдӣ тавлиди муштарак оғоз хоҳад шуд .
Бештар бихонед :