Июн 11, 2021 17:19 Asia/Dushanbe
  • Коршикании давлати Канада барои худдорӣ аз раъгирии эрониёни муқими ин кишвар

Сухангӯи Ситоди интихоботи Эрон эълом кард: Иқдоми давлати Канада дар ҳамкорӣ накардан барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои эрониёни муқими Канада, хилофи ҳуқуқи байналмилал аст.

Сайид Исмоили Мусавӣ, сухангӯи Ситоди интихоботи кишвар бо ишора ба ҳамроҳӣ накардани давлати Канада дар баргузории мустақими интихоботи раёсати ҷумҳурии давраи сенздаҳуми Эрон дар хоки Канада, гуфт: Мавзӯи баргузории интихобот аз тариқи намояндагии доими Эрон дар Ню-Йорк дар тамос бо сафири Канада дар Созмони Милал пайгирӣ шуд.

Мӯсавӣ афзуд: То кунун посухи лозим аз сӯйи давлати Канада дар ростои баргузории интихоботи мустақими раёсати ҷумҳурии Эрон дар хоки Канада дарёфт нашудааст.

Сухангӯи Ситоди интихоботи кишвар ҳамчунин гуфт: Бо тавваҷуҳ ба маҳдудияти замонии боқимонда ва набудани имкони эъзоми авомили иҷроӣ аз сӯйи Вазорати умури хориҷаи Эрон, имкони баргузории интихобот ба сурати мустақим, феълан фароҳам нашудааст.

Мӯсавӣ ҳамчунин гуфт: Бо ҳамоҳангиҳои Ситоди интихоботи хориҷ аз кишвар, мустақар дар Вазорати умури хориҷа, бо дафтари ҳифозати манофеи Эрон дар Вашингтон, ҳамакнун пешбинии лозим барои ҳузури эрониёни муқими Канада дар яеӣ аз шаҳрҳои марзии Амрико, наздик ба марзи Канада анҷом шудааст.

Сухангӯи Ситоди интихоботи Эрон гуфт: Бо тадобири андешидашуда аз сӯйи ҳамкорони пурталош дар Вазорати умури хориҷаи Эрон, ахзи раъй аз шаҳрвандони эронии муқим дар Канада сурат хоҳад гирифт.

Сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 28 хурдодмоҳи 1400 баргузор хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп