« Дутор »и Хуросон, ин мероси ҷаҳониро дарёбем
(last modified Sun, 13 Jun 2021 07:07:24 GMT )
Июн 13, 2021 12:07 Asia/Dushanbe
  • « Дутор »и Хуросон, ин мероси ҷаҳониро дарёбем

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Миллали Муттаҳид ( Юнеско ) соли 2019 маҳорати « сохт ва навохтани дутори Хуросон »-ро ба унвони як мероси ҷаҳонӣ сабт кард .

Устод Ҳусайни Валинажод

Сози дутор-меҳвари мусиқии Хуросон аст . Ҳамаи мақомҳои мусиқӣ чӣ дар шарқу ҷануби Хуросон ва чӣ дар шимоли он бо ин соз навохта мешавад .

 Устод Ҳамиди Тойӣ-мутаваллиди 1339 хиҷрӣ-шамсӣ

Дутор пешинаи чандҳазорсола дорад . Асноде ҳаст, ки то се ҳазор сол торихи ин созро нишон медиҳад . Ин соз дигар фақат як сози фолклори рустоӣ ё шаҳрии Эрон нест,  балки ҳоло ҳунармандони эронӣ бо дўтор  радифҳои мусиқии эрониро зинатбахши консертҳои бузургтарин гурӯҳҳои мусиқии аврупоӣ мекунанд .

Али Биштоби 15 сола-набераи устод Ҷаҳонгири Биштоб

Имрӯза ҳавзаҳои навохтани дутор иборатанд аз : шимоли Хуросон дар шаҳрҳои Қучон, Буҷнурд, Ширвон ва . . . то ҷанубу шарқи Хуросон дар шаҳрҳои Турбати Ҷом, Тойибодирдавс ва ғайра аст.

Устоди Муҳаммадалии Ҷамолӣ

Ин соз дар навоҳии мухталиф бо андаке тағйир дар шаклу наҳваи навозандагӣ дида мешавад . Мардуми манотиқи Хуросон қиссаҳову достонҳои худро дар қолаби оҳангҳои зебое сина ба сина ба наслҳои кунунӣ мунтақил кардаанд . Дар хиттаи Хуросони бузург ба навозандагони дутор, овозхон, достонгў, сарояндаву созандаи соз ( дутор ) « бахшӣ » ё « хунёогар » мегӯянд .

 Устод Ҳусайни Валинажод маъруф ба Ҳусайни Бахшӣ-мутаваллиди 1340 ҳ.ш фарзанди устоди марҳум Бахшӣ Султон Ризо 
Яке аз сахтиҳои сохти дутор ҳассосиятҳое аст, ки кор бо чуби тут эҷод мекунад . Чуби тут аз ҳамаи чубҳои дигар маводи кимёии бештаре дорад ва газе ки аз ин чуб хориҷ мешавад боиси эҷоди бемориҳои роҳҳои нафас мешавад . 
Устод Муҳаммади Ҳаддод 

Дар солҳои ахир ба далели ҳимоят накардан аз мусиқӣ ва бахусуси мусиқии суннатӣ рӯз ба рӯз салиқаи мусиқоии мардум тағйир карда ва ин сабки мусиқӣ ба вижа ин мероси куҳан ба фаромушӣ супурда шудааст .

Чандфарҳангӣ будани устонҳои Хуросон ба сабаби вуҷуди қавмҳои мухталиф аз вижагиҳои беназире аст, ки боис шудааст то мусиқии навоҳии ин минтақа хос бошад ва устодони баном осори фахрофарин ва беназире тавлид кунанд .

Устод Муҳаммади Ягона

 

 

Барчасп