Мунозираи сеюм, ироаи барнома, нақди дидгоҳҳо ва амалкардҳо
(last modified Sun, 13 Jun 2021 08:05:07 GMT )
Июн 13, 2021 13:05 Asia/Dushanbe
  • Охирин мунозираи сездаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон асри шанбе баргузор шуд
    Охирин мунозираи сездаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон асри шанбе баргузор шуд

Сеюмин ва охирин мунозираи сездаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон асри шанбе баргузор шуд.

Мунозираи сеюм ва поёнии номзадҳои сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо мавзуи “Дағдағаҳои мардум” дар созмони Садо ва Симои ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.

Дар ин мунозира низ тайфи васее аз мавзуоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва масоили сиёсати хориҷӣ матраҳ шуд. Пурсишҳо низ багунае тарроҳӣ шуда буд, ки номзадҳо битавонанд ба тарҳу ироаи барномаҳо ва роҳкорҳо бипардозанд.

Таъкид бар истифода аз зарфиятҳои иқтисодӣ ва ироаи тарҳу барнома барои ҳалли масоили ҷавонон, маскан, рафъи гаронӣ ва фаъол кардани биржа ва иҷрои барномаи фарогири беҳдошту дармон ва равобити хориҷӣ, аз мавзуоте буданд, ки номзадҳо дар бораи онҳо баҳс ва мунозира карданд.

Аз ин дидгоҳ, мунозираҳо як фурсати хуб буд. Ҳарчанд, ки дағдағаҳои мардум чизе нест, ки дар фурсати мунозира қобили ҷамъбандӣ бошад. Бавижа онки бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҷиҳатгирии мунозираҳо умдатан маътуф ба нақду нафии номзадҳо ва амалкарди давлат буд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баёноти ахирашон бо тавсияи муваккад ба номзадҳо ба парҳез аз баёни ваъдаҳое, ки аз анҷоми онҳо мутмаин нестанд, номзадҳоро аз табдил кардани интихобот ба “саҳнаи ҷанги қудрат ва бархурдҳои иҳонатомез” мушобеҳи ончи дар Амрико ва баъзе кишварҳои аврупоӣ маъмул ва мояи обрурезии онҳост, барҳазар доштанд ва гуфтанд: “Дар гузашта низ ҳаргоҳ дар мунозираҳо ва барномаҳои интихоботӣ аз ингуна равишҳои тахрибӣ, туҳматзанӣ ва тарсондани мардум аз рақиб истифода шуд, кишвар зарар кард”.

Ин мавзуъ аммо ду ҷанба дорад. Якҷанба ин аст, ки набояд дастовардҳои даврони сахти таҳримҳо ва шароити ношӣ аз густариши коронаро нодида ва дастикам гирифт.

Ҷанбаи дувум низ ин аст, ки набояд аз вуҷуди мушкилот ноумед ва дилсард шуд. Бояд заъфҳоро пазируфт ва ба роҳҳалҳои амалӣ такя кард.

Дар ҳар ҳол шароити феълии кишвар, ниёзманди интихоби номзадест, ки амалгаро ва дорои барнома ва таҷруба ва мудирияти қавӣ бошад.

Бештар бихонед: