Пешниҳоди Эрон ба Чин ва Ҳинд барои сармоягузорӣ дар бандари Ҷоск
(last modified Sun, 13 Jun 2021 13:41:25 GMT )
Июн 13, 2021 18:41 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Эрон ба Чин ва Ҳинд барои сармоягузорӣ дар бандари Ҷоск

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳинд, пешниҳоди сармоягузории Чину Ҳинд дар бандари Ҷоски устони Ҳурмузгон, ҷануби Эронро матраҳ кард.

Ба гузориши ИРНА, Алии Чаганӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳинд гуфт: Эрон аз сармоягузории Ҳинду Чин дар бахши энержии бандари Ҷоск, дар устони Ҳурмузгон, ҷануби Эрон истиқбол мекунад.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳинд афзуд: Ҳинд метавонад захоири стратегии нафтӣ дар ин бандар эҳдос кунад ва бо сохти хати лӯлаи интиқоли газ аз мабдаи бандари Ҷоск, амнияти энержии худро ҳатто бо вуҷуди ихтилолҳои эҳтимолӣ дар занҷираи таъмини энержӣ, тазмин кунад.

Вай ҳамчунин гуфт: Фурсатҳои зиёде барои Ҳинд, барои сармоягузорӣ дар бахши энержии Эрон вуҷуд дорад.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳинд таъкид кард: Ҳинд метавонад пружаҳои сохти корхонаҳои петрошимӣ ва куди шимиёиро низ дар минтақаи озоди тиҷории Чобаҳори устони Систон ва Балучистони Эрон, чӣ ба сурати мустақил ё ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ иҷро кунад.

 

Бештар бихонед: