Июн 13, 2021 21:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ фаро расидани Рӯзи миллии Русияро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба раиси ҷумҳурии Русия, фаро расидани рӯзи миллии ин кишварро табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи якшанбе дар паёме ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо табрики фаро расидани Рӯзи миллии Русия ба давлату миллати ин кишвар, ибрози итминон кард, ки муносиботи дӯстона ва рӯ ба рушди ду кишвар бо ҳиммату талоши мутақобил, дар ҳамаи заминаҳо густариш ёфта ва беш аз пеш тавсеа ва таъмиқ меёбад.

Дар паёми Рӯҳонӣ ба Путин омадааст: Муносиботи дӯстонаи Эрону Русия, ки дар солҳои ахир раванди рӯ ба рушде пайдо кардааст, аз ин пас низ бо ҳиммату талоши мутақобил дар ҳамаи заминаҳо густариш ёфта ва дар ростои манофеи мутақобили мардуми ду кишвар, беш аз пеши тавсеа ва таъмиқ меёбад.

 

Барчасп