Иблоғи санади истирдод муҷримони Эрон ва Тоҷикистон
Муовини аввали раисҷумҳур мувофиқатномаи истирдоди муҷримони байни Эрон ва Тоҷикистон ва барқарории муқаррароти лағви раводиди мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои оддии байни Эрону Ироқро иблоғ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муовини раиси Ҷумҳурии Эрон Исҳоқи Ҷаҳонгир, аз тасвиби музокирот, имзои пешакӣ (ибтидоӣ) ва имзои муваққатии Протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷаласаи худ дар 9 июни соли 2021, бо пешниҳоди Вазорати додгустарии ин кишвар бо анҷоми музокира, пешимзо (ибтидоӣ) ва муваққатан ба имзо расонидани Протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдоди муҷримон байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти масъулияти Вазорати додгустарии Эрон мувофиқат кард.
Бар ин асос, ин вазорат муҷоз аст бо ҳамоҳангии муовинати ҳуқуқии раиси ҷумҳурӣ (умури созишномаҳои байналмилалӣ) ва Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар ин хусус, иқдом ва мароҳили қонуниро то тасвиби ниҳоӣ пайгирӣ кунад.
Ҳамчунин бо имзои муовини раиси Ҷумҳурии Эрон Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, тасвибномаи мавзӯи барқарории муқаррароти лағви раводиди мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои оддӣ байни давлатҳои Эрон ва Ироқ иблоғ шуд.
Ҳайати вазирони Эрон дар ҷаласаи 9 июн 2021 ба пешниҳоди Вазорати умури хориҷаи ин кишвар, бо барқарории муқаррароти лағви раводиди 45 -рӯза барои дорандагони шиносномаи оддӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳукумати Ҷумҳурии Ироқ ба шарти амали мутақобил мувофиқат кардааст.