Судури муҷаввизи масрафи ваксинаи эронии “Ков Эрон Баракат”
Вазири беҳдошти Эрон аз судури муҷаввизи масрафи ваксинаи эронии коронаи “Ков Эрон Баракат” хабар дод.
Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе гуфт: Имрӯз Эрон иҷозаи масрафи изтирории ваксинаи эронии “Ков Эрон Баракат” -ро гирифт ва муҷаввизи ваксинаи Пастер ҳам ҳафтаи оянда содир мешавад.
Намакӣ афзуд: Ваксинаи Пастер - 2 нақс дар парвандаи катбӣ доштааст, ки бо такмили он, ҳафтаи оянда муҷаввизи масрафи он содир мешавад.
Ӯ афзуд: Дар ояндаи наздик низ ваксинаи Розӣ ва Фахро ба ҷамъи ваксинаҳои масрафӣ изофа хоҳанд шуд.
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Бо зарфияти эҷодшуда дар дохили кишвар, ҳамаи ҷамъияти ҳадафи Эрон то поёни тирамоҳи имсол воксинатсия мешаванд.
Тазриқи инсонии марҳалаи аввали мутолеоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи “Ков Эрон Баракат” аз 29 декабри 2020 оғоз шуд.
Донишмандону мутахассисони эронӣ бо вуҷуди таҳримҳои золимонаву ғайриинсонии Кохи Сафед муваффақ ба сохти чанд навъ ваксина барои муқобила бо вируси корона шудаанд.
Бештар бихонед:
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид - 19 СҶТ
- Рӯҳонӣ: Масири таъмину тавлиди ваксина ва ваксинатсия ҳамвор шудааст