Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон; интихоботе бо ҳузури пуршури мардум
(last modified Sat, 19 Jun 2021 12:31:54 GMT )
Июн 19, 2021 17:31 Asia/Dushanbe
  • Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон; интихоботе бо ҳузури пуршури мардум

Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон бо ҳузури пуршури мардум дар марказҳои раъйгирӣ барои интихоби ҳаштумин раиси ҷумҳӯрӣ бо риояти комили дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар шароити вижаи коронаӣ баргузор шуд.

Кори раъйгирӣ ё овоздеҳӣ аз соъати 7 субҳи ҷумъаи 18 июн оғоз шуд ва саранҷом пас аз 5 бор тамдиди замони овоздеҳӣ аз сӯи  вазорати кишвар(дохила) то соъати 2 бомдоди шанбе идома ёфт . Акнун шумориши овозҳо рӯ ба итмом аст ва бояд мунтазири ҷамъбандии шумориш дар ҳамаи шуъбаҳо ва эъломи натиҷаи ниҳои интихобот таи соъатҳои оянда буд .
Ин интихобот, ки аз моҳҳо қабл дар конуни тавваҷуҳи маҳфилҳои сиёсӣ ва хабарӣ буд, бозтоби густардае дар расонаҳову шабакаҳои хабарии байналмиллалӣ дошт.
Бисёре аз хабаргузориҳои ҷаҳон аз ҷумла Райтер, Ассошийтед Пресс, CNN,Сен-Хуа ва Спутник аз ҳузури пуршури мардуми Эрон дар интихобот барои таъини раиси ҷумҳӯрии ояндаи худ хабар доданд .
Воқеият ин аст, ки дар рӯзи ҷумъа як рӯйдоди бузурги ҳамосии дигар дар торихи рӯзҳои мондагори инқилоби исломӣ рақам зада шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, ки сари соъати 7 субҳи рӯзи ҷумъа бо ҳузур дар маҳалли сандуқи сайёри 110 дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) орои худро ба сандуқ андохтанд, рӯзи интихоботро рӯзи миллати Эрон хонданд ва гуфтанд : " Имрӯз майдондору саҳнагардони аслӣ мардум ҳастанд, ки бо раъйи худ сарнавишту таклифи куллӣ ва асосии кишвари Эронро барои солҳои баъд муайян мекунанд, Бинобарин имрӯз мутаъаллиқ ба мардум аст . "

Ҳузури чашмгири мардум дар интихоботи рӯзи ҷумъа намунаи айнии ҳамин сухан буд. Ин ҳузури пуршур ду паёми муҳим дошт:
Паёми нахуст; инъикоси биниши амиқи сиёсии миллати Эрон дар марҳилаҳои ҳассос ва шинохти аҳамияти лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои тасмимгирии баҳангом ва дуруст аст .
Мардуми Эрон дар шароите дар ин интихобот ба масъулияти динӣ ва миллии худ амал карданд, ки интиқодҳову гилояҳои зиёде нисбат ба вазъи мавҷуд ва мушкилоте ҳамчун гаронӣ, таваррум ва бекориву мушкилоти иқтисодӣ дошта ва доранд . Аммо ин нуктаро низ медонанд ки роҳи ҳалли мушкилот дар интихобҳои дуруст ва санҷида аст . Истифодаи матлуб аз имкониятҳои Эрон ба барномарезии дақиқ ва амал ба ваъдаҳои додашуда ниёз дорад. Бо як интихоби санҷида метавон ба таъмини ин ҳадафи миллӣ кумак кард ва дар ҷиҳати сарбаландии Эрон гом бардошт .

Паёми дигари ин ҳузури пуршур такрори ҳамон асли мушорикат дар интихобот аст, ки пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ҳамвора муҷиби тақвияти пояҳои низоми мардумсолор шуда аст .
Он гуна, ки Раҳбари инқилоб хотирнишон кардандалош беисти  душманон барои коҳиши мушорикати мардум дар интихобот ба далели аҳамияти ин ҳузур аст .
Натиҷаи ин интихоб, ки ҳосили ҷамъи раъйҳои мардум ва мушорикат дар интихобот аст, ба манзалаи инсиҷоми сиёсӣ ва ваҳдати милливу динӣ аст. Ин интихоб қатъан " майдонро барои фаъолияти салиқаҳои нав боз хоҳад кард ва метавонад нуқтаи шурӯи як таҳаввул ё дигаргунӣ бошад . Нигоҳе ба интихобот дар давраҳои қабл низ нишондиҳандаи ҳузур ва интихоби номзадҳое бо салиқаҳо ва дидгоҳҳои сиёсии мутафовит аст, ки нишонаи шафофияту саломати интихобот аст .Интихобот дар воқеъ истифодаи дуруст аз як ҳаққи сиёсӣ –иҷтимоъӣ аст, ки натиҷаи он таъсири мустақим бар сарнавишти ҳар ҷомеъа ва кишваре дорад . Таҷрибаи баргузории беш аз 38 интихобот дар Эрон нишон медиҳад, ки ҳар замон мушорикат дар интихоботи Эрон пуррангтар рақам хурда аст, таъсироти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии он низ шохистару эҳсосшавандатар буда аст .
Сездаҳумини интихоботи раёсати ҷумҳўрии Эрон низ  аз ин қоида мустасно нест ва метавонад сабаби ангезаву умед ва талоши бештар барои ҳаракати рӯ ба  пешрафт ва рафъи мушкилот шавад.


Бештар бихонед: