Рӯҳонӣ: Омодаи интиқоли қудрат ҳастем
Раиси ҷумҳури Эрон ва раиси ҷумҳури мунтахаби интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо якдигар дидор карданд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳур рӯзи шанбе бо ҳузур дар дафтари ҳуҷҷатулислом валмуслимини Раисӣ дар қувваи қазоия ва дидор бо раисиҷумҳури мунтахаб, интихоби вай бо раъйи миллатро табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, дар давлати ҷадид кишвар ба беҳтарин шакл идора шавад.
Рӯҳонӣ бо баёни инки масъулияти сангине бар души эшон қарор гирифтааст, гуфт, аз Худованд барои раисиҷумҳури мунтахаби мардум тавфиқ мехоҳам то ба беҳтарин ваҷҳ масъулияти худашонро анҷом диҳанд.
Раисиҷумҳур ҳамчунин бо қадрдонӣ аз дастандаркорони интихобот, изҳор дошт, аз ҳамаи онҳое, ки шӯри интихоботиро офариданд аз номзадҳо, Садо ва симо, фазои маҷозӣ, ситодҳо ва ҳамаи онҳое, ки ин интихоботро ба хубӣ иҷро карданд, ҳам аз вазорати кишвар, Шӯрои нигаҳбон, назор, ҳайатҳои иҷроӣ, ҳамаи онҳое, ки амнияту саломати интихоботро ба хубӣ таъмин карданду протоколҳои марбӯт ба саломатро мавриди тавваҷуҳ қарор доданд, ташаккур ва сипосгузорӣ мекунам.
Рӯҳонӣ бо баёни инки аз имрӯз то 45 рӯзи дигар, ки бояд ин масъӯлият дар ихтиёри давлати ҷадид қарор бигирад ва раиси ҷумҳури мунтахаб расман масъулиятҳои кишварро бар ӯҳда бигирад, комилан дар канори эшон ҳастем, гуфт, аз имрӯз барои ҳар ҳамкорӣ, ҳамроҳӣ ва иқдом, ки барои кишвар лозим аст омодаем.
Раисиҷумҳур хотирнишон кард, дар рӯзҳои пеши рӯ ҳар лаҳза ва соъат, ки лозим бошад аъзои давлат омодаи ҳамкорӣ ҳастанд барои инки даврони интиқолӣ ба хубӣ, сипарӣ шаваду раисиҷумҳури мунтахаб битавонад кобинаи худашро то поёни вақти муқарар омода кунад ва бо раъйи эътимод аз маҷлис фаъолияти худро оғоз кунад.
Рӯҳонӣ бо ибрози хушҳолӣ аз инки мардум ба нидои қонӯн, виҷдон ва масолеҳи кишвар гӯш доданд ва бидуни тавваҷуҳ ба бадхоҳон ва душманони низом бо сандӯқ қаҳр накарданд ва интихоботи бошукӯҳе рақам заданд, гуфт, умедворем бародари бисёр азизам ҷаноби оқои Раисӣ бори масъулияти иҷрои кишвар, ки сангинтарин бор дар миён қуво буда ва ба дӯши эшон гузошта шударо ба беҳтарини ваҷҳ ба мақсад бирасонад.
Раисиҷумҳур таъкид кард, тардид надорам ҳамаи мардум чӣ онҳое, ки раъй доданд ва чӣ онҳое раъй надоданд чӣ онҳое, ки пойи сандӯқ омаданд ва чӣ онҳое, ки пойи сандӯқ наомаданд ҳомии раисиҷумҳури мунтахаб хоҳанд буд.