Ироқчӣ: Замон барои тасмимгирии тарафҳои муқобил дар БарҶом фаро расидааст
(last modified Sun, 20 Jun 2021 14:38:28 GMT )
Июн 20, 2021 19:38 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Замон барои тасмимгирии тарафҳои муқобил дар БарҶом фаро расидааст

Раиси тими музокиракунандаи Эрон дар музокироти Вена таъкид кард, замон барои тасмимгирии тарафҳои муқобил дар БарҶом фаро расидааст.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, раиси тими музокиракунандаи Эрон дар музокироти Вена имрӯз, якшанбе, пеш аз баргузории Камиссияи муштараки БарҶом, дар рӯзи охири шашумин даври музокироти Вена гуфт: Акнун дар мавқеияте қарор дорем, ки тамомии асноди тавофуқ тақрибан омода аст.

Ироқчӣ афзуд: Бархе аз масоил ҳал шуда ва бархе боқӣ монда аст, аммо як шакли комилан дақиқе ба худ гирифтаву комилан равшан аст, ки абъоди ин ихтилофҳо чӣ гуна аст.

Ба гуфтаи Ироқчӣ, саҳнаи музокирот ва як тавофуқи эҳтимолӣ комилан равшан аст ва тарафҳои муқобил бояд тасмимҳои худро бигиранд.

Раиси тими музокиракунандаи Эрон дар музокироти Вена ҳамчунин гуфт: Музокиротро мутаваққиф мекунем ва ба пойтахтҳои худ барои тасмимгирӣ бармегардем.

Ироқчӣ хотирнишон кард: Имрӯз ҷаласаи Камиссиюни муштараки БарҶом ташкил хоҳад шуд ва ҷамъбандӣ аз коре, ки то кунун сурат гирифтаро хоҳем дошт.

Нишасти камиссиюни муштараки БарҶом ба манзури ҷамъбандии ройзаниҳои анҷомшуда дар даври шашуми музокирот, имрӯз соати 14: 30 (ба вақти Эрон) бо ҳузури намояндагони Эрон ва гурӯҳи 1 + 4 (Чин, Фаронса, Олмон, Русия, Британия) ва бидуни ҳузури Амрико дар Вена баргузор мешавад.

Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карда, бо тавваҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буда, ки БарҶомро нақз карда, ин Вашингтон аст, ки бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои тааҳҳудоти Амрико мавриди ростиозмоӣ қарор гирад. Эрон, таъкид карда, исрор ё аҷалае барои бозгашти Амрико ба ин тавофуқ надорад.

 

Бештар бихонед: