Июн 21, 2021 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Бахши душвори гуфтугӯҳо дар Вена ҳанӯз боқӣ аст
    Ироқчӣ: Бахши душвори гуфтугӯҳо дар Вена ҳанӯз боқӣ аст

Муовини вазири умури хориҷа ва раиси ҳайати эронии ширкаткунанда дар музокироти Вена гуфт, ки ҳанӯз бахши душвори гуфтугӯҳо боқист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Саидаббоси Ироқчӣ » муовини вазири умури хориҷа ва раиси ҳайати эронии ширкаткунанда дар музокироти Вена дар гуфтугӯ бо шабакаи «Эн Эч Ки » (NHK) тасреҳ кардааст, ки музокироти Вена беш аз ҳар замони дигаре ба тавофуқ наздик шудааст ва музокиракунандагон тасмим гирифтаанд, ки дар ин давр, на танҳо барои ройзаниҳои бештар, балки барои тасмимгирӣ хотима диҳанд.

Муовини сиёсии вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, ки музокирот дар даврони кори давлати феълии Эрон ба итмом бирасад ва ҳатто иҷроӣ шавад.

Ироқчи таъкид кард, ки ҳифзи манофеъи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бисёр  ҳоизи аҳамият аст.

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси ҳайати эронии ширкаткунанда дар музокироти Вена ҳамчунин дар посух ба саволе дар иртибот бо тавсифи вижагии раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон  Саиидиброҳими Раисӣ гуфт, ки вай бисёр воқеъбин ва мантиқист ва мавзеи Эрон ҳатто пас аз интиқоли давлат низ тағйир нахоҳад кард. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп