Июн 21, 2021 18:51 Asia/Dushanbe
  • Нишасти хабарии раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон

Раиси ҷумҳурии мунтахаби Эронгуфт, паёми миллати Эрон дар интихобот, зарурати тағйир дар шароити иқтисодӣ буд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ дар аввалин нишасти хабарии худ гуфт: Паёми миллати Эрон дар интихобот, паёми зарурати тағйир дар шароити иқтисодӣ ва зиндагии онҳо буд. Паёми миллати Эрон, паёми мубориза бо фасод, фақр ва табъиз буд.

Раиси ҷумҳурии мунтахаб идома дод: Ҳамосаи миллати бузурги Эрон дар 28 хурдоди 1400 ба дунболи ҳамосаҳои бисёре, ки мардуми азизамон халқ карданд, ҷилвае аз ҳузур бо иродаи мардуми азизамон аст ва паёми муҳиме барои ҳамаи ҷаҳониён дошт.

Вай идома дод: Ин ҳузури густарда ва бомаънои мардум, бо вуҷуди шароити коронаӣ ва душманиҳои бисёр ва эҷоди ҷанги равонӣ аз тарафи душманони Эрон шакл гирифт, ҳузури миллати бузурги Эрон, ки соатҳо пойи сандуқҳои раъй қарор доштанд, бо вуҷуди бархе гиламандиҳое, ки аз вазъи иқтисодӣ доштанд, буд.

Раисӣ гуфт: Ин ҳузур паёмҳои мухталифе дошт, як паём - паёми ваҳдату инсиҷоми миллӣ буд, паёми миллати Эрон паёми зарурати тағйир дар шароити иқтисодӣ ва зиндагии онҳо буд. Паёми миллати Эрон - паёми мубориза бо фасод, фақру табъиз ва дар як калима, иҷрои адолат дар тамоми шуъуни зиндагии мардум буд.

Вай идома дод: Паёми миллати Эрон паёми пофишорӣ бар арзишҳои инқилоби шукӯҳманди исломӣ буд. Паёми миллати Эрон, идомаи паёми Имом Хумайнӣ ва шуҳадо, ба вижа шаҳиди азиз Ҳоҷи Қосим Сулаймонӣ буд. Ин паёмро миллати Эрон бо ҳузури худашон ба мабонии инқилоби исломӣ ва дар лаббайк гуфтан ба паёми мақоми муаззами раҳбарии инқилоби исломӣ доштанд. Ин паём барои давлати мардумӣ ва барои ҳамаи мудирону масъулоне, ки ба номи ин давлати хидматгузори мардум хоҳанд буд, бояд дақиқан шунида шавад.

Раиси ҷумҳури мунтахаб гуфт: Итминон дорем, бо таваккул ба Худо ва эътимод ба доштаҳои миллати Эрон ва эътимод ба нерӯи инсонии мутароким, ба вижа ҷавонони ғурурофарини ин миллат ва бо захоири арзишманде, ки кишвари мо аз он бархурдор аст, иншоаллоҳ вазъияту шароит ба нафъи мардум тағйир хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури мунтахаб гуфт: Сиёсати дохилии мо ва авлавиятҳои мо дар ин давлат беҳбудии вазъияти касбу кори мардум ва беҳбуди шароиту вазъияти маишати мардум хоҳад буд ва беҳбуди шароит дар давлат ва дар низоми идории коромадӣ рақам хоҳад зада шуд, ки аз бюрократия, ки баъзан бисёре аз иқдомоти таҳаввулиро дар кишвар монеъ мешавад, ҳатман ин шароит тағйир бояд кард ва як низоми идории коромадии солим ва қонунмадорӣ тавассути нерӯҳои коромад ва инқилобии фасодситез дар кишвар шакл хоҳад гирифт.

 

Барчасп