Октябр 30, 2016 21:27 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии кумитаи тимии каратеи Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии Австрия

Кумитаи тимии мардони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии карате дар шаҳри Линзи Австрия, дуввумин бор паёпай ба унвони қаҳрамонии ҷаҳон расид.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", тими миллии каратеи Эрон, ки дар рақобатҳои бахши кумитаи тимӣ бо шикасти ҳамаи рақибон ба дидори ниҳоӣ роҳ пайдо карда буд, рӯзи якшанбе бо пирӯзии 3 бар 2 муқобили Ҷопон, муваффақ ба касби унвони қаҳрамонии ҷаҳон ва медали тилло шуд.

Ин натиҷа дар ҳоле рақам хурд, ки тими миллии каратеи Эрон дар маҷмӯи мусобиқот рӯйи сакӯи сеюми ҷаҳон қарор гирифт.

Тиллои кумитаи тимӣ ба сабаби ин ки ҳикоят аз потансиали хуби каратеи як кишвар дорад, аз аҳамияти зиёде дар рақобатҳои ҷаҳонӣ бархудор аст. Тими миллии каратеи Эрон соли 2012 ҳам дар рақобатҳои ҷаҳонии "Bremen" дар дидори ниҳоӣ дар бахши кумита, Олмони мизбонро шикаст дода ва қаҳрамон шуда буд.

Бистусаввумин давраи рақобатҳои каратеи қаҳрамонии ҷаҳон ба муддати 5 рӯз ба мизбонии Австрия дар шаҳри Линз баргузор шуд.