Қишм; зарурати ҳифозат аз сангпушт бо фуки уқобӣ
(last modified Thu, 24 Jun 2021 08:24:05 GMT )
Июн 24, 2021 13:24 Asia/Dushanbe

Соҳилҳои деҳаи Шеби Дароз дар ҷазираи Қишм дар фасли баҳор макон барои тухмгузории сангпушт бо фуки уқобӣ мебошанд, ки ба шиддат дар ҳоли инқироз аст.

Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон пресс, ҳар сангпушт бо фуки уқобӣ байни 60 то 70 адад тухм мегузорад, ки имсол дар маҷмӯъ ҳудуди ҳафт  ҳазору 500 тухми ин навъи сангпушт бо ҳамкории муҳити зисти созмони минтақаи озоди Қишм ва сокинони рустои Шеби  Дароз  гирдоварӣ ва ба сайт муҳофизат шудаи ин русто интиқол ёфт.

Ҳар тухми сангпушти фукуқобӣ пас аз 70 рӯз ба бача табдил мешавад, ки байни 25 то 35 солагӣ ба булуғ мерасад ва миёнгини умри ҳар сангпушти фукуқобӣ низ 70 сол аст.

Ҳафт намудҳои сангпушт дар ҷаҳон маълуманд, ки дар обҳои соҳилии ҷазираи Қишм ду намуди сангпушти пуштсабз ва сангпушти бо фуки уқобӣ дар обҳои савоҳили ҷазираи Қишм ҳузур доранд.

Сангпушти сабз дар феҳристи Иттиҳоди Умумиҷаҳонии Муҳофизат аз намудҳои нобудшавӣ қарор дорад, аммо сангпушти бо фуки  уқобӣ башиддат дар зери инқироз аст.

 

Бештар бихонед: