Тазриқи ваксинаи эронии корона дар рӯзҳои оянда ба Раҳбари муъаззами инқилоб
(last modified Thu, 24 Jun 2021 11:32:34 GMT )
Июн 24, 2021 16:32 Asia/Dushanbe

Раҳбари муъаззами инқилоб дар рӯзҳои оянда ваксинаи эронии корона тазриқ мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Алиризо Марандӣ-раиси Фарҳангистони улӯми пизишкии Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар гуфтугў бо пойгоҳи итилоърасонии KHAMENEI . IR аз тазриқи навбати аввали ваксинаи эронии ба Раҳбари инқилоб дар рӯзҳои оянда хабар дод .
Доктори Марандӣ бо эъломи инки муҷаввизи истифода аз ваксинаи эронии Кув Эрон Баракат тавассути вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ содир шудааст, афзуд : Раҳбари инқилоб таъкиди вижа бар тазриқи ваксинаи эронӣ доранд . Ин ваксина ҳосили талоши донишмандони ҷавони эронӣ аст ва аз сатҳи эминизоии болое бархурдор аст .