Дидори раиси Қувваи қазоияи Эрон бо раиси порлумони Ироқ
Раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон ва раиси порлумони Ироқ мубориза бо терроризм дар минтақаро аз авлавияти сиёсатҳои ду кишвар донистанд.
Ба гузориши ИРНА, оятуллоҳ Содиқи Омулии Лориҷонӣ, раиси Қувваи қазоияи Эрон дар идомаи сафар ба Бағдод, рӯзи якшанбе дар дидор бо Салим Ҷабурӣ, раиси порлумони Ироқ бо ишора ба муваффақияти ахири нерӯҳои ироқӣ дар мубориза бо терроризм дар Мусил ибрози умедворӣ кард, мардуми Ироқ дар ҷанг бо терроризм ва такфириҳо пирӯз шаванд.
Раиси порлумони Ироқ низ дар ин дидор аз раванди густариши ҳамкориҳо байни Бағдод-Теҳрон дар заминаҳои дуҷонибаву минтақаӣ ибрози ризоят кард.
Тарафайн дар ин дидор ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои Эрону Ироқ дар ҳавзаҳои қазоиву ҳуқуқӣ баҳсу табодули назар карданд.
Ҳамчунин тафоҳумномаи ҳамкории Эрону Ироқ дар ҳавзаи қазоӣ имзо шуд.