Раҳбари инқилоб: Мунтазири ваксинаи эронӣ мондам
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i69414-Раҳбари_инқилоб_Мунтазири_ваксинаи_эронӣ_мондам
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дозаи аввали ваксинаи Ков Эрон Баракатро тазриқ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 25, 2021 16:31 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дозаи аввали ваксинаи Ков Эрон Баракатро тазриқ карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Барои посдошти ифтихори миллӣ ва ташаккур аз муҳаққиқони ҷавон, мунтазири ваксинаи эронӣ мондам.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳбари муаззами инқилоб субҳи имрӯз дозаи аввали ваксинаи Ков Эрон Баракатро дарёфт карданд.

Ин ваксина, ки маҳсули талоши донишмандони ҷавони эронӣ аст, ба тозагӣ муҷаввизи масрафро дарёфт кард ва Эрон ба яке аз 6 кишвари тавлидкунандаи ваксинаи корона табдил шуд.