Июн 27, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 7 дарсадии тавлиди маҳсулоти нафту кимиёи Эрон

Мудири контроли тавлиди ширкати миллии саноеи нафту кимиёи Эрон гуфт, тавлиди муҷтамаъҳои нафту химияи Эрон дар баҳори имсол (1400 шамсӣ) бо афзоиши ҳафт дарсадӣ нисбат ба давраи мушобеҳи порсол ба 16. 3 миллион тон расид.

Сайидҷалоли Мирҳошимӣ, мудири контроли тавлиди ширкати миллии саноеи нафту кимиёи Эрон афзуд: Бо иқдомҳои анҷомшуда ва таъмини пойдории хӯрок дар соли 1400, тавлиди анвои маҳсул дар муҷтамаъҳои петрошимии Эрон афзоиш ёфтаву зимни таъмини ҳаддиаксарии бозорҳои дохилӣ, барномаи содирот низ иҷро шудааст.

Мирҳошимӣ бо таъкид бар ин ки санъати петрошимии Эрон аз саноеи модар ва аз муҳимтарин аркони тавсеаву мотори муҳаррики бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар аст, гуфт: Рӯйкарди ширкати миллии саноеи петрошимии Эрон такмили занҷираи тавлид, эҷоди танаввуъ дар маҳсулот, таъмини хӯроки саноеи дохилӣ ва иртиқои арзиши сабади маҳсулоти тавлидӣ дар ин санъат аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп