Дидори раис ва масъулони Қувваи қазоияи Эрон бо Раҳбари муаззами Инқилоб
(last modified Mon, 28 Jun 2021 08:30:47 GMT )
Июн 28, 2021 13:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори раис ва масъулони Қувваи қазоияи Эрон бо Раҳбари муаззами Инқилоб
    Дидори раис ва масъулони Қувваи қазоияи Эрон бо Раҳбари муаззами Инқилоб

Раис ва масъулони Қувваи қазоияи Эрон ба муносибати ҳафтаи Қувваи Қазоия имрӯз (душанбе) бо Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дидор хоҳанд кард.

Ҳамзамон бо солгарди шаҳодати Оятуллоҳ Доктор  Биҳиштӣ ва 72 тан аз ёрони инқилоб ва ҳафтаи Қувваи қазоия, раис ва масъулони Қувваи қазоияи Эрон, имрӯз ( душанбе ) бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом  Хумайнӣ ( раҳ ) бо Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ дидор хоҳанд кард.

Дар инфиҷори террористии 28 июни сол1981  доктор « Муҳаммад  Ҳусейнии Биҳиштӣ » раиси девони олии кишвари Эрон ва 72 нафар аз масъулони низом, бо бомбагузории мунофиқон ба шаҳодат  расиданд.

Пас аз ин иқдоми террористӣ   21 то 27 июн, дар тақвими ҷумҳурии исломии Эрон, ҳафтаи Қувваи қазоия  номгузорӣ шудааст.