Чашмаҳои оби гарми Деҳлурон; туризми дармонӣ дар нодиртарин падидаи табии Эрон
(last modified Tue, 29 Jun 2021 08:23:32 GMT )
Июн 29, 2021 13:23 Asia/Dushanbe

Чашмаҳои оби гарми шаҳристони Деҳлурон, яке аз ҷозибаҳои муҳими сайёҳӣ дар устони Эйлам дар ғарби Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон пресс, чашмаҳои оби гарми шаҳристони Деҳлурон  хавоси дармонӣ, микробкушӣ ва мубориза бо бемориҳои пӯстӣ дорад ва ҳар сол бо истиқболи гардишгарон  рӯ ба рӯ мешавад.

Чашмаҳои оби гарми Деҳлурон  яке аз зеботарин ҷилваҳои табиӣ дар ин минтақаи марзӣ буда ба унвони маконе барои гардишгарии саломат  ва туризми дармонӣ мавриди тавваҷӯҳи гардишгарон аст. Чашмаҳои оби гарми Деҳлурон бо дамои ҳудуди 50 дараҷаи сантиград, маконе беҳдоштӣ ва дорои ҳавзҳои лойи молиявӣ барои дармони бархе бемориҳост .

Ин чашма бо инъикоси нури хуршед ба сурати ҳафтранг дида мешавад ва ба ҳамин сабаб яке аз нодиртарин падидаҳои табиӣ дар Эрон аст. Чашмаҳои оби гарми Деҳлурон дар соли 1976 дар феҳристи осори табиии миллии Созмони ҳифозат муҳити зист ба сабт расидааст.

 

Бештар бихонед: