Июн 29, 2021 15:23 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ: Дар ҷараёни ҷанги Яман беш аз 2300 кӯдак ҷон бохтаанд
    ЮНИСЕФ: Дар ҷараёни ҷанги Яман беш аз 2300 кӯдак ҷон бохтаанд

Ҳимоят аз кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона яке аз муҳимтарин маворид дар ҳуқуқи байналмилал аст, ки ниёзманди тавваҷуҳи вижае аст.

Асноди байналмилалие ҳамчун Конвенсияи чаҳоруми Женева -1959, Протоколи илҳоқии 1977, Асосномаи Девони Байналмилалии Ҷиноӣ 1998, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак 1989 ва Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷумлаи асноди ҳуқуқи байналмилал ҳастанд, ки ҳар гуна таҷовуз ба ҳуқуқи кӯдакон дар замони ҷангро манъ кардаанд. Аммо пурсише, ки вуҷуд дорад ин аст, ки оё Созмони Милал ва ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ тавонистаанд ба масъулиятҳои худ дар ин замина ба дурустӣ амал кунанд?

Маҷиди Тахтиравончӣ, намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал, дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки рӯзи душанбе бо мавзӯи “Кӯдакон ва мунозиоти мусаллаҳона” баргузор шуд, амалкарди Созмони Милал дар ин заминаро ба чолиш кашид.

Тахтиравончӣ гуфт: Ин ки низомиёни режими саҳюнистӣ ҳаргиз дар гузоришҳои марбут ба дабири кул ба унвони ноқизи ҳуқуқи кӯдакон дар листи сиёҳ қарор нагирифтаанд ва ҳамчунин номи эътилофи мутаҷовизи саудӣ аз садри ин лист ҳазф шудааст, ҷойи нигаронӣ дорад.

Яке аз саҳнаҳои таассуфбори нақзи фоҳиши ҳуқуқи кӯдакон, ҷанги Яман аст. Эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ кишвари фақири Яманро ба баҳонаи бозгардонидани қудрат ба Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман ҳадафи ҳамалоти сангини ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ қарор додааст. Воқеияти кунунии ҷанги Яман аммо бисёр дуртар аз он чизе аст, ки Риёз дар соли 2015 ва ҳамзамон бо оғози ҳамалоти худ пешбинӣ карда буд. Арабистони Саудӣ фикр мекард, ки бо роҳандозии як кампайни ҳавоӣ метавонад тайи чанд ҳафта дар ин ҷанг пирӯз шавад. Акнун ин ҷанг вориди ҳафтумин соли худ шудааст ва чашмандозе барои поёни он дида намешавад.

Коршиносони СММ Яманро саҳнаи бузургтарин буҳрони башарӣ дар ҷаҳон тавсиф мекунанд.

ЮНИСЕФ (Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид) дар гузорише аз вазъияти вахими кӯдакони ҷанги Яман, ки марбут ба бозаи замонии байни соли 2018 ва 2020 аст, менависад: Дар ҷараёни ҷанги Яман беш аз 2300 кӯдак ҷон бохтаанд.

Ховйер Ҷоберт, раиси ин сандуқ мегӯяд: “Кӯдакони Яман дар кобусе бепоён ва шароите ҳавлнок зиндагӣ мекунанд. Кӯдакон дар Яман тақрибан ҳамарӯза дар асари ҷанг кушта ва захмӣ мешаванд”.

Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аммо дар иқдоме аҷибу суолбарангез, эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудиро аз як феҳристи сиёҳи ин созмон, ки марбут ба нақшофаринӣ дар марги кӯдакону нақзи ҳуқуқи онон аст, хориҷ кард.

Созмони Милал дар октябри соли 2017 эътилофи Саудиро ба далели куштану маҷрӯҳ кардани 683 кӯдак дар Яман ва ҳамла ба даҳҳо мактабу бемористон дар ин листи сиёҳ қарор дода буд.

Гутерреш дар гузориши ахири солонаи худ, ки хитоб ба Шӯрои амният нигошта шуд, иддао кард: “Ин эътилоф пас аз коҳиши чашмгири мавориди маргу қатъи узв дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоӣ, аз ин феҳристи сиёҳ хориҷ мешавад”.

Албатта, ин нахустин бор нест, ки номи Арабистони Саудӣ вориди ин феҳристи сиёҳ шуда ё аз он хориҷ мешавад.

СММ нахустин бор дар соли 2016 ва дар замони раёсати Бон Ки Мун бар ин созмон, Арабистони Саудиро барои муддати кӯтоҳе дар феҳристи сиёҳи ноқизони ҳуқуқи кӯдак қарор дод, аммо танҳо як рӯз баъд аз дарҷи номи эътилофи саудӣ дар ин феҳристи сиёҳ, Бон Ки Мун таслими фишорҳо шуд ва аз тасмими худ ақибнишинӣ кард.

Ин қиссаи талх дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки мутобиқи бандҳои чаҳоргонаи моддаи 38 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, давлатҳо бояд қавоиди ҳуқуқи башардӯстонаро дар бораи кӯдакон риоят намоянд.

Ҳимоят аз кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона дар дараҷаи аввал ниёз ба поён додан ба даргириҳову ҷилавгирӣ аз шуълавар шудани онҳо дорад.

Сухани охир дар ин замина, ҳамон нуктае аст, ки Тахтиравончӣ дар нишасти Шӯрои амният дар хусуси ҳимоят аз кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона ёдовар шуд ва гуфт: Ҳимояти имрӯз аз кӯдакон дар ҷанг, ҳимоят аз ҷавомеи оянда аст. Ҳама бояд ҳар он чӣ дар тавон доранд, барои ҳифзу ҳимоят аз кӯдакон дар баробари хисороти ҷангҳову даргириҳо анҷом диҳанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп