БарҶом дар ду роҳии таъйини сарнавишт
(last modified Mon, 28 Jun 2021 12:59:52 GMT )
Июн 28, 2021 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳифзи БарҶом ба иқдому амал барои тазмини манофеъи ду тарафи музокира ниёз дорад
    Ҳифзи БарҶом ба иқдому амал барои тазмини манофеъи ду тарафи музокира ниёз дорад

То кунӯн шаш даври музокроти Эрон бо гурӯҳи 4+1 бо ҳадафи эҳёи БарҶом, дар Вена, пойтахти Австрия баргузор шудааст.

Ин гуфтугӯҳо ба рафъи ихтилофот дар бисёре аз маворид мунҷар шудааст. Бо ин ҳол, ҳануз масоиле боқимонда, ки музокира дар бораи онҳо ба андозаи кофӣ сӯрат гирифтааст, аммо ба тасмимгирии кишварҳо бастагӣ дорад.

Акунун дар нигоҳ ба БарҶом ин суоли асосӣ вуҷӯд дорад, ки сарнавишти БарҶом, яъне тавофуқе, ки дар 2015 имзо шуд, саранҷом ба куҷо хоҳад расид?

Саидаббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазорати умӯри хориҷаи Эрон, ки сарпарастии ҳайати музокиракунандаи Эрон дар Венаро бар ӯҳда дорад, рӯзи якшвнбе баъд аз дидор бо аъзои Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломӣ бо ишора ба инки дар Вена ба андозаи кофӣ музокира анҷом шудааст, , гуфт: "Дар ҳоли ҳозир навбати тарафҳои муқобил аст, ки бояд тасмим бигиранд ва дар мавриди эҳёи муҷаддади БарҶом ба ҷамъбандӣ барисанд то тавофуқ ҳосил шавад".

Бидуни тардид дар шароити печидаи кунунӣ, ҳифзи БарҶом ба иқдому амал барои тазмини манофеъи ду тарафи музокира ниёз дорад. Дар ҳоле, ки сиёсати Амрико ҳамчунон имтиёзгирӣ ва ҳадар додани вақт аст, ки ба офате барои музокирот табдил шудааст.

Роберт Мэлли, намояндаи вижаи Амрико дар умӯри Эрон ва раиси тими музокиракунандаи Амрико дар Вена, рӯзи ҷумъа дар мусоҳибае, бо сароҳат эълом кард: "Мо гуфтаем, ки омодаи рафъи таҳримҳое ҳастем, ки барои бозгашти мо ба БарҶом лозим аст, аммо ҳамаи таҳримҳоеро, ки давлати Трамп эъмол кард, рафъ нахоҳем кард."

Ризо Насрӣ, ҳуқӯқдон дар масоили байналмилал муътақид аст:" Чолиши аслӣ марбӯт ба монеатарошиҳои мухолифони БарҶом ва лобиҳои пурнуфӯзи онҳо дар Вашингтон аст. Онҳо бино доранд аз лағви он даста аз «таҳримҳои ҳастӣ», ки дар замон Трамп бо барчаспи «таҳримҳои террористӣ» бозтаъриф шуд, ҷилавгирӣ кунанд. Ин таҳримҳо, таҳримҳое аст, ки дар давлати Трамп дақиқан ба манзури «сахттар кардани кори давлати баъдӣ» тағйири барчасб дода шуд то - ба пиндори он, аз зери чатри БарҶом хориҷ шаванд".

Дар ҳоли ҳозир, муҳимтарин ҳадафи Амрико, водор кардани муҷаддади Эрон ба пазируфтани шароити ҷадид, зайли тавофуқи имзо шудаи БарҶом аст.

Абулфазли Амуӣ, узви Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории Эрон Пресс, бо таъкид бар инки бидуни рафъи комили таҳримҳо зидди Эрон ҳеч мавзӯе пазируфта намешавад, гуфт: "Амрико талош мекунад, бахше аз таҳримҳоро нигаҳ дорад, ки ин масаъла нақзи иддаои Амрико мабнӣ бар шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ зидди Эрон аст."

Амрикоиҳо аз чанд масир ин ҳадафро дунбол мекунанд; як масири афзоиши фишор аз сӯи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бар Эрон аст.

Масири дигар; фишор бар фазои музокироти Эрон ва 4+1 аст. Аммо БарҶом дар чорчӯби қатъномаи 2231 , таааҳҳудоти чандҷонибаеро мушаххас кардааст, ки бояд ба он амал мешуд. Тасмими Эрон барои таваққуфи иқдомоти довталабона таҳти тавофуқи ҳастаӣ, дар иҷрои қонуни мусавваби Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз манофеъи миллати Эрон, низ бар асоси бандҳои 26 ва 36 БарҶом ва ба иллати пойбанд набудани тарафҳои муқобил ба таъҳҳудоти худ дар ҷиҳати рафъи таҳримҳои ғайриқонӯнӣ, сурат гирифтааст.

Аз онҷо ки шарту сиёсати кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон барои бозгашт ба тааҳҳудоти Барҷом-ӣ «ростиозмоии лағви таҳрим»-ҳо аст, эҳтимол дорад, коршиканиҳо ва сангандозиҳои Вашингтон дар ин ҳавза, мунҷар ба инсирофи Теҳрон аз бардоштани гомҳои баъдӣ гардад. Бинобари ин, бозгашт ба БарҶом ба иродаи тарафи муқобил бастагӣ дорад.

Ҳамонгуна, ки Раҳбари муъаззами инқилоб тасреҳ кардаанд; " Эрон ҳангоме ба тааҳҳудоти Барҷом -ииии худ бозхоҳад гашт, ки Амрико ҳамаи таҳримҳоро дар амал ва на дар ҳарф ё бар рӯи коғаз, лағв кунад ва ин лағви таҳримҳо мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад."

 

Бештар бихонед: