Июл 02, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бо фавти 127 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид 19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷони бохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 84 ҳазору 516 нафар расид.

Маркази равобит умумии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе эълом кард, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, аз шабу рӯзи гузашта, 13 ҳазору 836 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки ҳазору 561 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид 19 дар кишвар ба 3 миллиону 232 ҳазору 696 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия афзуд, то кунӯн ду миллиону 902 ҳазору 140 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо, вируси корона токунӯн беш аз 183 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 3 миллиону 972 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид 19 ҷони худро аз даст додаанд.

Бештар бихонед:

Хатибзода: воридоти ваксинаи корона идома дорад

60 миллион эронӣ то тирамоҳ як доз ваксинаи корона дарёфт мекунанд

 

 

Барчасп