Июл 02, 2021 17:20 Asia/Dushanbe
  • Амрикоиҳо бояд посухгӯи ҷиноёти худ дар Афғонистон бошанд

Ҳамоиши “Сӯгсурудаҳои Дашти Барчӣ”, ёдбӯди “Ғунчагони мазлуми Афғонистон”ва нақди ҳуқуқи башари Амрико асри панҷшанбе бо ҳузури ҷамъе аз шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ, шоирон, хонаводаи шуҳадо ва маҷрӯҳон ва афғонҳои муқими Эрон ба ҳиммати Муассисаи пажӯҳишии фарҳангии Инқилоби Исломӣ дар Машҳад баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки дар маркази намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои Остони Қудси Разавӣ баргузор гардид, пас аз пахши баёноти мақоми муъаззами раҳбарӣ дар хусӯси ҳуқуқи башари амрикоӣ, иғвогарӣ, куштор, таҳриму риёкории Амрико, дабири ҳамоиш доктори Муҳаммади Ахгарӣ, ба баёни аҳдоф ва меҳварҳои мавзӯи ҳамоиш пардохт.

Image Caption

Ахгарӣ афзуд, ин ҳамоиш дар ду бахши ҳунарӣ ва илмӣ ва дар се меҳвари мавзӯӣ баргузор шуд. Дар бахши ҳунарӣ шоирон бо истифода аз забони шеъру ҳунар ба абъоди мухталифи дарду ранҷи мардуми Афғонистон дар солҳои ҳузури Амрико дар ин кишвар пардохтанд ва бахши илмӣ мавзӯи ҳуқуқи башари амрикоӣ дар Афғонистон, забони форсӣ ва пайванду ҳамдилӣ ва ваҳдат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вай бо ишора ба ин мавзӯ, ки амрикоиҳо бо шиори демократия ва ҳуқуқи башар вориди Афғонистон шуданд, афзуд, акнӯн пас аз солҳо ҳузури Амрико ҷуз ноамнӣ ва куштор раҳоваради дигаре надоштааст ва акнӯн, ки ба зоҳир ва дар таблиғоти расонаӣ қасди хурӯҷ доранд, бояд посухгӯи ҷурмҳо ва ҷиноёташон бошанд, чаро ки муҷриманд.

Муҳаммади Ахгарӣ дар идома ба суханони Раҳбари муъаззами инқилоб дар бораи ҳуқуқи башари амрикоӣ дар Афғонистон ишора кард, ки мефармоянд: Афғонистон майдони озмоиши ҷадиде барои либеролизми Ғарб шуд то нишон дода шавад инҳо онҷое, ки манофеъ ва хости истикборашон иқтизо кунад, аз ҳеч амале фурӯгузор намекунанд ва ҳозиранд як кишвару миллатро бидуни ҳеч далиле ба хоку хун бикашанд.

Image Caption

Доктор Исматулоҳӣ, пажӯҳишгар ва устоди Донишгоҳи Кобул низ дар ин ҳамоиш, ба халқи буҳрон ва мудирияти буҳрон тавассути амрикоиҳо ва ноамнсозии минтақа тавассути онҳо ишора кард ва гуфт, амрикоиҳо метавонистанд амният эҷод кунанд, аммо биноашон бар ин набуд. Нухбагон мехоҳам барои берун рафт аз ин вазъи пойи кор биёянд. Хурӯҷи Амрико аз минтақа гоми мусбате аст, Иншоалоҳ, ки аз дасти Амрикои ҷинояткор наҷот пайдо кунем.

Image Caption

Доктор Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ дар идомаи нишасти поёнии ин ҳамоиш зимни таслият ба хонаводаҳои сӯгвори “Дашти Барчӣ” ба се навъ ҳуқуқи башари ғарбӣ, исломӣ ва амрикоӣ ишора кард ва гуфт. ҳуқуқи башари ғарбӣ инсонмеҳвараст ва арзишҳои инсониро меҳвар қарор медиҳад ва ҳадафи он ҷилавгирӣ аз ҷанги ҷаҳонии сеюм аст, аммо мо дар ислом чунин ҳуқуқи башареро имзо накардем. Равиш, меҳвар ва усӯли мо дар ҳуқуқи башар бо Ғарб мутафовит аст чун дар Ислом ақлро абзоре барои шинохт мешуморем, вале он ройгона абзор намедонем.

Вай афзуд, дар ҳуқуқи башари исломӣ инсонмеҳвари аслӣ нест, балки Худованд меҳвари ҳастӣ аст, албатта ин меҳвари ҳастӣ башарро ба унвони халифаи худаш бар замин қарор додааст ва ин мӯҷиби каромате барои башар шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп