Гузориш аз раванди иҷрои БАРҶОМ. Аҳдшикании тарафҳои муқобил
Гузориши шашмоҳаи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз иҷрои БАРҶОМ мунташир шуд.
Дар ин гузориш, ки рӯзи якшанбе дар парлумон қироат шуд, таъкид шудааст, бар асоси матни БАРҶОМ, Эрон ба анҷоми бархе маҳдудиятҳои муваққат ва иқдомоти итминонсоз дар бахшҳои мухталифи барномаи ҳастаии худ, ки мутааҳҳид шуда буд, ба таври комил тибқи аҳдаш амал кардааст. Ин дар ҳолест, ки алорағми изҳори назарҳои мукаррари мақомоти амрикоӣ мабнӣ бар тааҳҳуди Амрико ба ифои аҳдҳои худ мутобиқи БАРҶОМ бахш ё маҳофили қудратманде дар даруни дастгоҳи иҷроияи Амрико натанҳо рағбати чандоне ба иқдоми фаъолона барои рафъи монеаҳо надорад, ҳатто дар мавориде талошҳои суратгирифтаро барои рафъи монеаҳо хунсо мекунад. Дар баррасиҳои ба маломада аз раванди иҷрои БАРҶОМ мушаххас шуд, ки Ҳукумати Амрико дастикам дар 11 маврид аҳдшиканӣ карда, хилофи БАРҶОМ таҳримҳои ҷадид тасвиб ё маҳдудиятҳоеро алайҳи Эрони исломӣ пиёда кардааст.
Ҳамзамон бо интишори ин гузориш Юкия Амано, мудири кулли Ожонси Байналамилалии Энержии Атомӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо рӯзномаи фаронсавии "Ломонд" бори дигар таъкид кард, Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ амал кардааст. Амано пеш аз ин ҳам дар се гузориш пойбандии Эронро ба тавофуқи ҳастаӣ таъйид карда буд.
Рафъи таҳримҳои муртабит ба ҳастаӣ ду буъд дорад: аввал, бачида шудан ва аз байн рафтани зерсохти тамоми ин таҳримҳо; дувум, рафъи таҳримҳо дар саҳнаи амал. Барчида шудан ва аз байн рафтани зерсохти таҳримҳои муртабит ба ҳастаӣ, ки баъзан аз он бо таъбири «лағви таҳримҳои рӯйи коғаз» ёд мешавад, аз лиҳози ҳуқуқию сиёсӣ аҳамият хосе дорад. Лағви қатъномаҳои муртабит ба мавзӯи ҳастаӣ боис гардид, таҳримҳои эъмолшуда аз сӯйи Шӯрои амният ба ҷумҳурии исломӣ, шомили таҳримҳо ва маҳдудиятҳои густурда дар ҳавзаҳои бонкию молӣ, бима, ҳамлу нақл лағв гардад ва сохтори ниҳоди таҳримҳо дар қолаби Кумитаи таҳрими Қатъномаи 1737 ва тими назорат бар таҳримҳо аз байн равад. Бо ин ҳол, мавозеъ ва изҳороти мақомҳои Амрико нишон медиҳад, онҳо ҳамчунон талош мекунанд, вазъияти фишор ва таҳримҳоро ҳифз кунанд. Дар ин замина парвандаи се мавзӯъ аз диди Кохи Сафед алайҳи Эрон ҳамчунон боз аст. Ин се мавзӯъ шомили тавони мӯшакии Эрон, ҳуқуқи башар ва баҳси мубориза бо терроризм аз навъи амрикоӣ аст, ки ба гуфтаи мақомҳои Кохи Сафед, ҳамчунон ба унвони гузинаҳои рӯйи миз ҳастанд. Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико дар тозатарин изҳороташ, ки дар Донишгоҳи Чикаго матраҳ шуд, ба идомаи ин раванд ишора карда гуфт, Амрико таҳримҳои зидди Эронро ҳифз кардааст. Вазорати молияи Амрико як рӯз пас аз иҷрои БАРҶОМ бо судури баёнияе аз афзудани номи ширкату афроди ҷадид ба феҳрасти таҳримҳои Эрон ба иллати барномаи мӯшакии Эрон хабар дод. Қарори роҳандозӣ намудани муқаррароти сахтгиронаи Амрико дар робита ба додани раводид ба он шаҳрвандони Аврупо, ки ба Эрон сафар кардаанд, иқдоми баъдӣ дар ин замина буд. Бархе додгоҳҳои маҳаллӣ дар Амрико низ дар иқдоми ба истилоҳи додгоҳие дар хусуси парвандҳои марбут ба иқдомоти террористӣ ҳукм ба мусодира ва бардошт аз ҳисобҳои басташудаи Эрон доданд.
БАРҶОМ бо вуҷуди паҳлӯҳои мусбат дорои паҳлӯҳои мубҳаму заъфҳо низ ҳаст. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар посух ба номаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси БАРҶОМ бо ишора ба ғайриқобили эътимод будани бархе аз шаш давлати тарафи музокироти ҳастаӣ таъкид карданд, лозим аст, матне, ки фароҳам омадааст, бо диққат мулоҳиза шавад ва дар масири қонуни пешбинишуда қарор гирад ва он гоҳ дар сурати тасвиб бо муроқибат аз нақзи аҳдҳои тарафи муқобил роҳи он баста шавад.
Шӯрои олии амнияти миллӣ ва парлумони Эрон роҳбурдҳоеро дар ин замина дар дастури кор қарор додаанд. Бар асоси қарори Маҷлис Шӯрои Исломӣ, Вазорати умури хориҷӣ муваззаф аст, ҳар 3 моҳ аз иҷрои БАРҶОМ ба парлумон гузориш ирсол кунад ва комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ низ вазифадор аст, ҳар 6 моҳ як бор аз раванди иҷрои БАРҶОМ ба намояндагон ба таври ошкоро гузориш диҳад.