Дидор ва гуфтугӯи вазирони дифо, иртиботот ва ҷиҳод бо раисиҷумҳури мунтахаби Эрон
(last modified Sat, 03 Jul 2021 14:20:51 GMT )
Июл 03, 2021 19:20 Asia/Dushanbe
  • Дидор ва гуфтугӯи вазирони дифо, иртиботот ва ҷиҳод бо раисиҷумҳури мунтахаби Эрон

Теъдоде аз мақомоти кишварӣ ва лашгарӣ бо раисиҷумҳури мунтахаби Эрон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифо, Козими Ховозӣ, вазири ҷиҳоди кишоварзӣ ва Муҳаммадҷаводи Озари Ҷаҳрумӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилоот, Муҳаммадбоқир Навбахт, раиси Созмони барнома ва буҷет ва Акбари Кумиҷонӣ, раиси кулли Бонки марказии Эрон имрӯз шанбе ҷудогона бо Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури мунтахаб дидор карданд.

Вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар дидори худ бо раисиҷумҳури мунтахаб гузорише аз иқдомот ва дастовардҳои вазорати дифо дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла мизони омодагии дифои кишвар дар муқобила бо таҳдидот ироа кард.

Вазири ҷиҳоди кишоварзӣ, низ дар дидор бо Саидиброҳими Раисӣ гузорише аз иқдомоти ин вазоратхона ва вазъияти кишоварзӣ ва муҳимтарин чолишҳо ва масирҳои пеши рӯи давлати сездаҳумро барои таъмини ниёзҳои асосии мардум ироа кард. Вазири иртиботот ва фанноварии иттилоот, низ дар дидор бо раиси ҷумҳури мунтахаб, аз вазъият ва иқдомоти ин вазоратхона ба мунтахаби миллат гузориш дод.

Раисӣ низ бо ташаккур аз гузориши амалкарди вазоратхонаҳо, истифода аз таҷориб ва ҳамкории ҳамаи бахшҳо барои пешбурди барномаҳо ва маъмуриятҳои давлати оянда дар хидматгузорӣ ба мардум ва беҳбуди вазъи мавҷӯдро мавриди таъкид қарор дод.

Раисони Созмони барнома, буҷет ва Бонки марказии Эрон, низ аз дигар масъулони давлати давоздаҳум буданд, ки барои ироаи гузориш дар бораи амалкарди созмони матбуъашон ба сурати ҷудогона бо раисиҷумҳури мунтахаб дидор карданд.