Парисо Ҷаҳонфикриён, нахустин зани олимпӣ дар вазнабардорӣ дар Эрон
(last modified Sun, 04 Jul 2021 13:41:38 GMT )
Июл 04, 2021 18:41 Asia/Dushanbe
  • Парисо Ҷаҳонфикриён, нахустин зани олимпӣ дар вазнабардорӣ дар Эрон

Раиси Федератсиюни вазнабардории Эрон, аз эъзоми нахустин зани олимпии вазнабардории Эрон ба " Олимпиадаи Токио" хабар дод.

Алии Муродӣ, раиси Федератсиюни вазнабардории Эрон рӯзи якшанбе гуфт, бо вуҷуди ҷарроҳии чанд рӯз қабл Парисо Ҷаҳонфикриён, миллипӯши даста+87 килограми занони Эрон, ин бонӯи вазнабардор аз чанд рӯзи оянда зери назари пизишк ва мураббиёни тими миллии вазнабардории занони Эрон, дар урдӯ ҳузур меёбад ва ба Олимпиадаи Токио низ эъзом хоҳад шуд.

Федератсиюни ҷаҳонии вазнабардорӣ номи Парисоро ба унвони ҷойгузини варзишкорони инсирофӣ аз кишвар Самоа дар феҳристи дорандагони саҳмияи ҳузур дар ин бозиҳои " Олимпиадаи Токио" эълом кард.

Парисо Ҷаҳонфикриён низ дар ин бора гуфт, хушҳол аст, ки ба унвони нахустин зани эронӣ дар риштаи вазнабардорӣ саҳмияи Олимпиадаро касб кардааст.

Вай афзуд, бо тавваҷуҳ ба инки ба тозагӣ эълом шудааст, ки саҳмияи Олимпиадаро касб кардааст, талош хоҳад кард бо" омодагии нисбӣ" дар " Олимпиадаи Токио"  ҳузур ёбад.

Парисо Ҷаҳонфикриён гуфт, шаш моҳи пеш бо осебдидагии саришона мувоҷеҳ шуд, аммо бо ҷарроҳии чанд рӯз қабл, мушкили осебдидагӣ бартараф шудааст.

Парисо афзуд, умедвор аст дар рақобатҳои " Олимпиадаи Токио" битавонад раддабандии муносибе касб кунад.

 

Барчасп