"Нортнома" асарест барои пайванди илмӣ ва фарҳангии Эрону Русия
Толори калони китобхонаи адабиёти хориҷии Маскав шоми душанбе шоҳиди рӯнамоии тарҷумаи форсии як асар бо номи "Нортнома", дар баёни ҳамосаи паҳлавонони осетиявӣ буд, ки ба гуфтаи масъулини фарҳангӣ ва илмии ду кишвар як қадами дигаре дар пайванди фарҳанги Эрону Русия аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намояндагии доими Осетияи шимолӣ ва намояндагии фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия бо мушорикати донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, Донишгоҳи давлатии Осетияии шимолӣ, бо ҳузури сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Русия ва мушорикати маҷозии бархе мақомоти Осетияи шимолӣ аз тарҷумаи форсии «Нортнома» рӯнамоӣ карданд.
Китоби «Нортнома» дарбардорндаи ривоятҳои асотирӣ ва афсонаҳову ҳамосаҳои қавми нарт аст, ки Мӯсо Абдуллоҳӣ ва Марями Муродӣ аз аъзои ҳайати илмии Донишгоҳи Таботабоӣ ва бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии Осетияии шимолӣ аз забони осӣ ба забони форсӣ ва бо унвони «Нортнома» тарҷума шудааст.
Ҳамосаи Норт, асоситарин ҳамосаи устураомези мардуми Осетия аст, ки решаи эронӣ доранд, устурае, ки бо нишонаҳои фолклор дар ҳам омехтааст.
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия Козими Ҷалолӣ дар ин маросим ба тафоҳумномаи чанд соли пеш миёни донишгоҳи Осетияи шимолӣ ва донишгоҳи аллома Таботабоӣ ишора кард ва гуфт: Тарҷумаи ин асар дар ростои ҳамон тафоҳумномаҳ анҷом шуд.
Вай гуфт ки Нортнома мисдоқе аз наздикии фарҳанги Эрон ва Русия аст.