Рӯҳонӣ: Бо тавсеа дар бахши саноат дар ҷанги иқтисодӣ пирӯз шудем
(last modified Wed, 07 Jul 2021 11:05:39 GMT )
Июл 07, 2021 16:05 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Бо тавсеа дар бахши саноат дар ҷанги иқтисодӣ пирӯз шудем
    Рӯҳонӣ: Бо тавсеа дар бахши саноат дар ҷанги иқтисодӣ пирӯз шудем

Раиси ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, бо тавсеа дар бахши саноат дар ҷанги иқтисодӣ пирӯз шудем.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон, Раиси Ҷумҳурии Эрон " Ҳасани Рӯҳонӣ " рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба таъсири хушксолӣ, афзоиши гармои ҳаво ва афзоиши тавлиди бахши саноатӣ дар эҷоди мушкилоти барқӣ, гуфт: Вақте масрафи бахши саноатӣ нисбат ба соли гузашта  10 дарсад афзоиш ёфтааст, маънояш ин аст, ки саноати кишвар тавсеъа пайдо кардааст.

 

Рӯҳонӣ афзуд: Ба хотири тавсеъа дар ин арсаҳо буд, ки тавонистем дар ҷанги иқтисодӣ пирӯз шавем.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт: Барқ дар давлати ёздаҳум ва дувоздаҳум ба андозаи маъмули давлатҳои пешин изофа шудааст.

 Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт: "Имрӯз, барои ҳалли мушкилот дар нерӯи барқи кишвар мо тасмим гирифтем, ки баъзе марказҳои бузурги саноатӣ 2 ё 3 ҳафта баста шаванд ё вақти кории онҳоро коҳиш диҳанд."

Раиси ҷумҳурии Эрон инчунин гуфт: Дар соли гузашта  (1399) мо ба кимиёи нафтӣ беш аз 11 миллиард доллар сармоягузорӣ кардем."

 

Рӯҳонӣ инчунин бо баёни ин ки шаби гузашта вазъи барқ нисбат ба қабл аз он беҳтар будааст, гуфт: Агар ниёз ба хомӯшӣ будҳатман бояд соат ва маҳалли он аз қабл ба мардум эълом шавад ва талоши давлат ин аст ки то тасмимоте ки иттихоз кардааст барқи манзилҳо қатъ нашавад.