Истифодаи абзории низоми сармоядарӣ аз занон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123330-Истифодаи_абзории_низоми_сармоядарӣ_аз_занон
Порс Тудей– Низоми сармоядорӣ ҳамвора ба истифодаи абзорӣ аз занон дар ростои касби суди бештар пардохтааст.
(last modified 2025-12-10T06:55:45+00:00 )
Декабр 10, 2025 11:51 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи абзории низоми сармоядарӣ аз занон

Порс Тудей– Низоми сармоядорӣ ҳамвора ба истифодаи абзорӣ аз занон дар ростои касби суди бештар пардохтааст.

Ба гузориши Порс Тудей, низоми сармоядорӣ ба унвони яке аз муҳимтарин сохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир, ҳамвора дар пайи афзоиши суд ва анбошти сармоя будааст. Дар ин масир, занон ба таври густардае мавриди истифодаи абзорӣ қарор гирифтаанд; ба гунае, ки нақши онон на бар асоси ҳуқуқи инсонӣ ва ҷойгоҳи иҷтимоии баробар, балки бар асоси коркарде, ки метавонад суди бештаре барои сармоядорон эҷод кунад, таъриф шудааст. Баррасии ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки сармоядорӣ бо баҳрагирӣ аз занон дар арсаҳои мухталиф, аз нерӯи кори арзон гирифта то масрафгароӣ ва таблиғот, ба дунболи тасбити султаи худ ва афзоиши судоварӣ будааст.

Яке аз нахустин арсаҳои истифодаи абзорӣ аз занон дар низоми сармоядорӣ, бозори кор аст. Занон дар бисёре аз ҷавомеи сармоядорӣ ба унвони нерӯи кори арзонтар нисбат ба мардон ба кор гирифта мешаванд. Ин амр на танҳо муҷиби коҳиши ҳазинаҳои тавлид барои корфармоён мешавад, балки имкони баҳракашии бештар аз нерӯи корро фароҳам меоварад. Дар бисёре аз саноат, ба вижа саноати пӯшок, хадамот ва машоғили хонагӣ, занон бо дастмуздҳои поинтар ва шароити кори сахттар машғули ба кор ҳастанд. Сармоядорӣ бо эҷоди ин шикофи дастмуздӣ миёни занону мардон, амалан аз нобаробарии ҷинсиятӣ ба унвони абзоре барои афзоиши суд истифода мекунад.

Илова бар бозори кор, низоми сармоядорӣ аз занон ба унвони абзори таблиғотӣ ва бозорёбӣ низ баҳра мебарад. Тасвири зан дар таблиғоти тиҷорӣ, аксаран ба шакле клишаӣ ва ҷинсишуда ироа мешавад, то ҷаззобияти колоҳо ва хадамот афзоиш ёбад. Ин навъи истифодаи абзорӣ на танҳо ба таҳқири ҷойгоҳи занон мунҷар мешавад, балки ононро ба абзоре барои таҳрики масрафгароӣ бадал месозад. Сармоядорӣ бо баҳрагирӣ аз бадан ва тасвири занон, саъй дорад майл ба харид ва масрафро дар ҷомеа тақвият кунад ва аз ин тариқ суди бештаре ба даст оварад. Дар воқеъ, занон дар ин сохтор на ба унвони инсонҳои мустақил, балки ба унвони василае барои фурӯши колоҳо ва хадамот дида мешаванд.

Аз сӯи дигар, сармоядорӣ бо тарвиҷи фарҳанги масрафӣ, занонро ба яке аз муҳимтарин гурӯҳҳои ҳадаф дар бозор табдил кардааст. Бисёре аз маҳсулот ва хадамот, ба вижа дар ҳавзаи муд, зебоӣ ва сабки зиндагӣ, ба таври хос барои занон тарроҳӣ ва таблиғ мешаванд. Ин амр муҷиб мешавад занон таҳти фишори иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор гиранд, то ҳамвора дар пайи харид ва масрафи колоҳои ҷадид бошанд. Сармоядорӣ бо баҳрагирӣ аз ин фишорҳо, чархаи масрафро тақвият карда ва суди худро афзоиш медиҳад. Дар ин миён, занон на танҳо ба унвони масрафкунанда, балки ба унвони сужае, ки бояд доиман ниёзҳои ҷадиде барои ӯ сохта шавад, мавриди истифода қарор мегиранд.

Аз манзари фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ, сармоядорӣ бо бозтавлиди клишаҳои ҷинсиятӣ, ҷойгоҳи занонро ба гунае таъриф мекунад, ки бештарин судро барои ин низом ба ҳамроҳ дошта бошад. Расонаҳо ва саноати фарҳангӣ таҳти султаи сармоядорӣ, тасвире аз зан ироа медиҳанд, ки ё ба унвони нерӯи кори мутеъ ва арзон ё ба унвони абзоре барои таҳрики масрафгароӣ шинохта мешавад. Ин бозтавлиди фарҳангӣ муҷиби тасбити нобаробариҳои ҷинсиятӣ ва истимрори истифодаи абзорӣ аз занон мегардад.

Ҳамаи ин маворид нишон медиҳад, ки сармоядорӣ на танҳо ба баробарии ҷинсиятӣ беэътиност, балки аз нобаробарӣ ба унвони абзоре барои афзоиши суд баҳра мегирад. Ин вазъият зарурати танқиди ҷиддӣ ва муқовимат дар баробари сохторҳои сармоядориро ошкор месозад; чаро ки танҳо бо тағйири бунёдин дар ин низом метавон ба ҷойгоҳи воқеӣ ва инсонии занон даст ёфт.

Дар ниҳоят бояд гуфт, ки занон дар низоми сармоядорӣ беш аз онки ба унвони инсонҳои мустақил ва дорои ҳуқуқи баробар шинохта шаванд, ба унвони абзорҳое барои судоварии бештар мавриди истифода қарор мегиранд. Чунин равиш на танҳо ба тадовими нобаробариҳои ҷинсиятӣ мунҷар мешавад, балки каромати инсонии занонро низ хадшадор месозад. Бинобарин, танқид ва муқобила бо ин истифодаи абзорӣ, бахше ҷудоинопазир аз мубориза барои адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи каромат ва шахсияти воқеии зан аст.