Июл 08, 2021 12:42 Asia/Dushanbe
  • Дастаи мунтахаби навҷавондухтарони Эрон ба унвони ноибқаҳрамони Кафа даст пайдо карданд
    Дастаи мунтахаби навҷавондухтарони Эрон ба унвони ноибқаҳрамони Кафа даст пайдо карданд

Тими миллии футболи навҷавондухтарони Эрон ба унвони ноибқаҳрамонии Кафа даст пайдо кард.

Ба гузориши ИСНА, тими футболи навҷавондухтарони Эрон дар охирин дидори худ аз мусобиқоти футболи Осиёи Марказӣ ба номи Кафа шаби чаҳоршанбе 7 июл муқобили Тоҷикистон ба майдон рафт ва ба натиҷаи се бар сифр пирӯз шуд.

Нимаи аввали ин дидор бо голҳои Меҳрнози Иззатободӣ ва Муҳаддисаи Зулфӣ бо пирӯзии 2 бар сифри Эрон ба поён расид. Дар нимаи дуввум Малико Боқирӣ як голи дигар ба самар расонд ва Эрон бо се гол пирӯз шуд.

Эрон дар ин мусобиқа tournament бо ду пирӯзи муқобили тимҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ва шикасти муқобили Узбекистон ноибқаҳрамон шуд. Узбекистон ҳам бо ду пирӯзӣ ва як тасовӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

 

Бештар бихонед: