Июл 08, 2021 16:23 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар Теҳрон

Дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар маҳали дафтари мутолиъоти Вазорати хориҷаи Эрон дар Теҳрон баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  Сайидрасули Мусавӣ-мудири кулли ғарби Осиёи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар сафҳаи тветтири худ навишт : Дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмиллалии вазорати хориҷа ҳамвора маҳали гуфтугуҳои бисёр муҳими сиёсӣ будааст . Мусавӣ афзуд : Имрӯз панҷшанбе низ дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар маҳали дафтари мутолиъоти вазорати хориҷа шурӯъ шуд .
Иҷлоси гуфтугӯҳои байни гурӯҳҳои мухталифи афғон бо ҳузури намояндагони давлати Афғонистон  шахсиятҳои олии ҷумҳӯрият ва ҳайати олии сиёсии Толибон рӯзи гузашта ( чаҳоршанбе ) ба мизбонии Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд .
Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин нишаст бо ишора ба шикасти Амрико дар Афғонистон ва ҳузури беш аз ду даҳа дар ин кишвар, ки мӯҷиби харобиҳои бисёре шудааст, гуфт : Имрӯз мардум ва раҳбарони сиёсии Афғонистон бояд барои ояндаи кишварашон тасмимоти душвор бигиранд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп