Рӯҳонӣ: Омодаи ваксинатсияи рӯзона 500 ҳазор нафар ҳастем
(last modified Sat, 10 Jul 2021 11:33:52 GMT )
Июл 10, 2021 16:33 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Омодаи ваксинатсияи рӯзона 500 ҳазор нафар ҳастем

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, омодаи ваксинатсияи рӯзона 500 ҳазор нафар ҳастем.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон имрӯз шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона бо баёни инки ҳудӯди 17 моҳ аст, ки мардум гирифтори вируси хатарнок ҳастанд, гуфт, дар соли 1400 бо вирусҳои хатарноке, ки аз кишварҳои дигар вориди Эрон шуда мувоҷеҳ шудем.

Рӯҳонӣ афзуд, вирусҳо аз ғарби кишвар ва умдатан аз Ироқ вориди Эрон шуд, ки вируси англисӣ буд ва дар ин айём ва моҳҳои ахир вируси ҳиндӣ аст, ки аз марзҳои шарқӣ вориди кишвар шудааст.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин гуфт, вируси корона ба устонҳои ҷанубӣ ва шарқии Эрон ва умқи кишвар ворид шудааст.

Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, ба хотири таҷҳизот ва имконоту муроқибатҳои вижа ва таҷрибаи бештаре, ки имрӯз андӯхта шудааст шароити беҳтар аз гузашта дорем.

Вай таъкид кард, ваксина ҳам бисёр муассираст ва агар ваксинатсия афзоиш ёбад мушкилот камтар хоҳад шуд.

Рӯҳонӣ хотирнишон кард, бо ҳамаи тамҳидот ба мавҷи панҷум ворид шудем ва агарчӣ ин мавҷ ҳануз саросарӣ нест ва ҳануз ҳам мешавад ҷилави афзоиш ва густариши ин мавҷро гирифт. ки ба талоши ҳамагонӣ дар саросари кишвар ниёз дорад.

 

Бештар бихонед: