Вазири беҳдошт: Эрон танҳо кишвари тавлидкунандаи ваксина дар минтақа аст
(last modified Mon, 20 Feb 2023 16:24:38 GMT )
Феврал 20, 2023 21:24 Asia/Dushanbe
  • Вазири беҳдошт: Эрон танҳо кишвари тавлидкунандаи ваксина дар минтақа аст
    Вазири беҳдошт: Эрон танҳо кишвари тавлидкунандаи ваксина дар минтақа аст

Вазири беҳдошту дармон ва омузиши пишизики таъкид кард: Эрон танҳо кишвари тавлидкунандаи ваксина дар минтақа аст.

Баҳроми Айнуллоҳи, вазири беҳдошту дармон ва омузиши пизишкии Эрон имруз бо ишора ба эъломи созмони ҷаҳонии беҳдошт мабни бар ин ки Эрон танҳо тавлидкунандаи ваксина дар минтақа аст гуфт: Эрон бо неруи инсонии муҷоҳид ва пурталош бар бемории корона пируз шуд ва саромади кишварҳо аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Айнуллоҳи афзуд: Вируси корона дар ҳамаиҷои дунё яксон буд ва бо вуҷуди густариши ин бемори дар кишвар таҳримҳои бардошта нашуд ин ноҷавонмардона буд.

Вазири беҳдошт ҳамчунин гуфт: Саҳнаҳое, ки дар бахши дармони доштем дар дунё беназир буд ҳеҷ беморие бар асари корона рузи замин намонд ҳама дармон шуданд дар бахши дорусози ва дар бахши таҳқиқ ва пажуҳиш низ 6 ваксина тавлид шуд.

Вазири беҳдошт хотирнишон кард: Дар баҳси дипломосии саломат бисёри аз кишварҳои минтақа тақозо доранд дору ва таҷҳизот ба онҳо дода шавад, бояд шароит эҷод шавад то иртибот бо кишварҳои дигар ҷанбаи илми ёбад ва дар бахши содирот вориди музокирот шавем.