Оғози маъракаи моякӯбии зидди фалаҷи атфол дар Афғонистон
Вазорати беҳдошти ҳукумати Толибон аз оғози барномаи моякубии фалаҷи атфол бо пӯиш(маърака)-и «Афғонистони бидуни фалаҷи атфол» хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати беҳдошти ҳукумати Толибони Афғонистон рӯзи сешанбе эълом кард, барои нахустин бор маркази тамос барои посухгуӣ ба суолоту нигарониҳои эҳтимолӣ дар ҳавзаи беҳдошту саломату масоили муртабит бо бемории фалаҷи атфол роҳандозӣ шудааст.
Пӯиши«Афғонистони бидуни фалаҷи атфол» низ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамаи мардум хоста то зимни ҳамкорӣ бо коркунони вазорати беҳдошт барои дарёфти иттилоот дар хусӯси решакании фалаҷи атфол, бо дафотири ин идора тамос бигиранд.
Гуфта мешавад, дар тӯли иҷрои ин барнома беш аз 11 миллион кӯдак моякӯбии фалаҷи атфолро дарёфт хоҳанд кард.