Сиёҳпуш шудани саҳну сарои разавӣ дар сӯги Имом Ҷавод (а)
(last modified Sun, 11 Jul 2021 04:47:02 GMT )
Июл 11, 2021 09:47 Asia/Dushanbe

Саҳну сарои разавӣ дар сӯги Имом Ҷавод (а) сиёҳпӯш шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба муносибати фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ҷаводул-айима ( а ), фарзанди ҳазрати Ризо (а ) саҳну сарои разавӣ сиёҳпуш шуд .
Таъвизи парчами гунбади мутаҳҳар ва насби ду катибаи бузурги порчаӣ бар болои айвони саҳнҳои инқилоби исломӣ ва озодии ҳолу ҳавои ҳузну мотами зоиронро дар ин боргоҳи малакутӣ дучандон кардааст .
Муовинати хадамоти зоирони ҳарами мутаҳҳари разавӣ барои пазироӣ аз иродтмандони ин Имоми ҳумом ба ҳамин муносибат 10 ҳазор бастаи мутабаррик таҳия кардааст, ки бо риояти дақиқи дастурҳои беҳдоштии ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ҷаводул-айима ( а ) тавзеъ хоҳад шуд .
Ҳамчунин колоҳои масрафии беҳдоштии мавриди ниёзи зоирон барои зиёрати шефтагони хонадони исмату таҳорати алайҳиммус-салом, ки бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ барои арзи таслият ба пешгоҳи муқаддаси ҳазрати Соминулҳуҷҷа (а) ба ҳарами мутаҳҳари разавӣ мушарраф мешаванд, таҳия шудааст .