Июл 11, 2021 17:59 Asia/Dushanbe
  • Тавзеи 10 миллион дозаи ваксинаи корона дар Эрон

Муовини вазири беҳдошти Эрон аз тавзеи 10 миллион дозаи ваксинаи корона дар кишвар хабар дод.

Алиризо Раисӣ, муовини вазири беҳдошти Эрон гуфт: То охири ҳафтаи ҷорӣ ваксинаҳои коронаи тавзеъшуда аз ибтидо токунун тақрибан ба 10 миллион доза хоҳад расид ва ҳафтаи баъдӣ ҳам интизор меравад, ки тақрибан 4 миллион доза ваксинаи коронаи дигар тавзеъ шавад.

Раисӣ афзуд: Мизони ваксинаи тавзеъшуда токунун 7 миллиону 800 ҳазор доза аст ва фардо ҳам ҳудуди як миллион дозаи дигар ва то охири ҳафта низ 2 миллион ваксинаи коронаи дигар тавзеъ хоҳад шуд.

Раисӣ ҳамчунин гуфт: Имконоти хубе аз соли гузашта дар устони Систону Балучистон, ҷануби шарқии Эрон мустақар шуда ва ҳудуди 800 тахт фақат аз соли гузашта токунун ба устони Систону Балучистон изофа шудааст.

Муовини вазири беҳдошти афзуд: Нерӯи интизомӣ, сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, басиҷ ва нерӯи мусаллаҳ ба кумак омадаанд ва ҳудуди 250 нерӯи мутахассис дар бемористонҳо изофа шудаанд ва дар ҳоли ҳозир камбуди тахт дар устони Систону Балучистон вуҷуд надорад.

 

 

Барчасп