Июл 12, 2021 09:50 Asia/Dushanbe
  • Ташаккури Раҳбари муаззами инқилоб аз паёми фаластиниёни сокини урдӯгоҳҳои Сурия

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон аз паёми фаластиниёни сокини урдӯгоҳҳои Сурия ташаккур карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи паёми ҷамъи зиёде аз фаластиниёни сокини урдӯгоҳҳои Сурия ба муносибати пирӯзии муқовимати Фаластин дар ҷанги 12 рӯза алайҳи режими ишғолгари Қудс ва қадрдонии онон аз Раҳбари инқилоб ва миллати Эрон барои ҳимоят аз ҷиҳоди миллати Фаластин, аз ин паём ташаккур карданд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳсини Қумӣ, муовини иртибототи байналмилали дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ дар номае ба оқои Муҳаммад Албаҳиси, раиси ҷамъияти дӯстии Фаластин ва Эрон бо иблоғи ташаккури Раҳбари инқилоби исломӣ навишт: Амалиёти Сайфулқудс таҷаллибахши кӯчаке аз қудрату иқтидори анбоштаи ҷабҳаи муқовимат буд.

Ҳуҷҷатулислом Қумӣ дар ин нома афзудааст: Дифои қаҳрамононаи мардуми ғаюри Фаластин аз Масҷидулақсо ва сарзамини Қудс, ин бор бо якпорчагӣ ва ҳамафзоии мардуми ҳамаи манотиқи Фаластин ва ҳамоҳангии таҳсинбарангези ҳамаи гурӯҳҳои муқовимат ба хубӣ нишон дод, рӯзгори таҳаккуму қудратнамоии саҳюнистҳои ғосибу нажодпараст поён ёфтаву давраи шикасти ғосибони сарзамини муқаддас аҳди озодии Фаластин ва навбати раҳоии Қудси Шариф фаро расидааст.

 

Бештар бихонед: