Июл 12, 2021 13:11 Asia/Dushanbe
  • Кашфи пайкари мутаҳҳари 8 шаҳиди даврони Дифои муқаддас дар хоки Ироқ

Фармондеҳи кумитаи ҷустуҷӯи гумшудагони Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аз кашфи пайкари мутаҳҳари 8 шаҳиди даврони Дифои муқаддас дар хоки Ироқ хабар дод.

Сардор Сайидмуҳаммади Боқирзода, фармондеҳи кумитаи ҷустуҷӯи гумшудагони Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аз кашфи пайкарҳои мутаҳҳари ҳашт шаҳиди даврони Дифои муқаддас дар амалиёти имрӯз (шанбе) дар хоки Ироқ хабар дод.

Сардор Боқирзода бо баёни ин ки пайкари мутаҳҳари ҳашт шаҳиди даврони дифои муқаддас дар Хокрезии воқеъ дар хоки кишвари Ироқ кашф шудаву кори тафаҳҳуси пайкари шуҳадо ҳамчунон идома дорад, афзуд: Теъдоде аз пайкарҳо кашф шудаву кор ҳамчунон идома дорад.

Гурӯҳҳои тафаҳҳуси шуҳадо аз кумитаи ҷустуҷӯи мафқудини Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, дар манотиқи амалиётии ҳашт соли Дифои муқаддас пайкарҳои мутаҳҳари шуҳадоро ковуш мекунанд.

Дар охирин амалиёти тафаҳҳуси бурунмарзӣ дар соли 1400, пайкарҳои мутаҳҳари ду шаҳид дар рӯзҳои ибтидои сол пайдо шуданд.

 

 

Барчасп