Июл 12, 2021 19:28 Asia/Dushanbe
  • Нахустин гоми раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон барои ташкили давлати мардумӣ

Роҳандозии сомонаи муаррифии мудирони давлати сездаҳум, нахустин гоми раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон барои ташкили давлати мардумӣ аст.

Нахустин гоми раиси ҷумҳурии мунтахаб барои ташкили давлати мардумӣ бо роҳандозии сомонаи муаррифии мудирони давлати сездаҳум, мардум ва нухбагон барои муаррифии мудирони ояндаи кишвар мушорикати фаъоле дар ин сомона доштаанд.

Сомонаи муаррифии мудирон, ки яке аз ваъдаҳои интихоботии раиси ҷумҳурии мунтахаб барои муаррифии мудирони ҷиҳати тасаддии масъулиятҳо дар давлати сездаҳум буд, чанде аст роҳандозӣ шуда ва охирин оморҳо ҳикоят аз он дорад, ки ҳам нухбагон дар муаррифии мудирон мушорикати хубе доштаанд ва ҳам афроди бособиқаву таҷориби муносиб барои радаҳои мухталифи мудириятӣ муаррифӣ шудаанд.

Бар ин асос яке аз муҳимтарин галӯгоҳҳои интихоби мудирони давлати сездаҳум аз масири “Сомонаи муаррифии мудирон” мегузарад. Сомонае, ки ҳамаи мардум ва ташаккулҳову гурӯҳҳо метавонанд ба он муттасил шудаву мудири мадди назари худро муаррифӣ кунанд. Пас аз муаррифии мудирон аз сӯйи мардум ва ташаккулҳо, иттилооти аввалия, пойишу арзёбиҳои ибтидоӣ бар асоси меъёрҳои умумие монанди таҳсилот, савобиқи иҷроӣ, син, бо дар назар гирифтани шохисҳои эъломшуда тавассути раисиҷумҳури мунтахаб, ки ҳамон коромадӣ, фасодситезӣ, руҳияи инқилобӣ ва мардумӣ будан аст, сурат мегирад ва натиҷа ба коргурӯҳҳои тахассусие, ки аз сӯйи оқои Раисӣ ташкил шуда, ироа мешавад.

Фароянди кор дар ин коргурӯҳҳо низ ба ин шакл аст, ки бар асоси шохисҳои шоистагӣ барои эҳрози ҳар масъулияте дар кобина, бо лиҳози нуқоти заъфу қувват ва корномаи мудириятии фард муаррифӣ шуда, интихоб ва номи онҳо аст, аз таъйиди аввалияву анҷоми истеъломоти лозим аз мароҷеи зисалоҳ, ба марҳалаи анҷоми мусоҳиба ва татбиқи хусусиёт бо сиёсатҳои калони давлати сездаҳум ва меъёрҳои интихоби кобина расида ва дар идома пешниҳодоти ҷамъбандишуда ба раиси ҷумҳурии мунтахаб муаррифӣ мешаванд.

Ин коргурӯҳҳо барои ин манзур феҳристи чандбаробарии зарфиятро ба ҳамроҳи барномаҳои афроди мадди назар ва натоиҷи арзёбиҳои тахассусӣ, ба раиси ҷумҳурии мунтахаб арза мекунанд то дар ниҳоят бо интихоби эшон, шоистатарин мудирон барои тасаддии масъулиятҳо дар кобинаи сездаҳум, интихоб ва барои касби раъйи эътимод ба Маҷлиси шӯрои исломӣ муаррифӣ шаванд. Бар асоси охирин омори истихроҷшуда аз ин сомона, 36 дарсад аз муаррификунандагон, ки аз ин сомона барои ироаи пешниҳодоти худ истифода кардаанд, дорои мадраки докторӣ буданд. 340 нафар аз муаррификунандагон вазир, муовини вазир ё муодили он буда ва 1135 нафар ҳам аз аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳо буданд.

Бар асоси охирин оморҳои эъломшуда то кунун 2250 нафар аз муаррифишудагон ва ба таъбир гузинаҳои пешниҳодӣ ба “Сомонаи муаррифии мудирон” -ро аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳо ва марокизи таҳқиқотӣ ва низ 230 нафарро вузарои собиқ, муовинони пешини раёсати ҷумҳурӣ ва муодили он ташкил медиҳанд.