Рӯнамоӣ аз китоби Гулистони 11-ум ба забони босниявӣ
(last modified Tue, 13 Jul 2021 08:31:25 GMT )
Июл 13, 2021 13:31 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз китоби Гулистони 11-ум ба забони босниявӣ
    Рӯнамоӣ аз китоби Гулистони 11-ум ба забони босниявӣ

Ин китоб тавассути Нармин Ҳочич ба босниявӣ тарҷума ва бо аз ҷониби Созмони Занони Мусалмони Боснияи Кавсар ба унвони ношири Босния ба чоп расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, китоби Гулистони ёздаҳум ба забони босниявӣ мунташир ва рӯнамоӣ шуд.

Ин китоб, достони зиндагии муштараки Заҳро Паноҳираво ва сардори шаҳид  Алии Читсозиёнро ривоят мекунад.

Ин китоб  тавассути "Нармин Ҳочич" ба забони босниявӣ тарҷума ва бо ҳиммати Созмони занони мусулмони Боснияи Кавсар ба унвони ношири босниявӣ ба чоп расидааст. Ин маросим бо ҳузури ҷамъе аз мухотабини босниявии китоби Гулистони ёздаҳум дар Толори Маркази фарҳангии Босния (BKC) дар Сараево баргузор шуд.

Сидиқа Овдич мудири Созмони Кавсар,  далели аслии интихоби ин китобро барои тарҷума ба забони босниявӣ қаробати фарҳангии ҳамсарон ва модарони шуҳадои Босния ва Эрон  донист ва дар идома афзуд: мардуми Босния хусусан модарону ҳамсарони шуҳадо ба далели пушти сари гузоштани рӯзҳои сахти ҷанг дар солҳои 1992 - 1995 ва доштани таҷрибиёти муштарак бо модарону ҳамсарони шуҳадои Эронӣ дар ҳашт соли дифои муқаддас ба хубӣ метавонанд таҷрибиёту хотироти талхи якдигарро дар ин айёми пурмухотира,  дарк намоянд.Нармин Ҳочич мутарҷими ин китоб гуфт: Гулистони ёздаҳум ба зеботарин шакл тавонистааст қисмати муҳимме аз нимаи пинҳони зиндагии як шаҳиди эрониро ба мухотабон  муаррифӣ намояд ва ин навъи ривоят барои мухотаби Босния низ бисёр ҷолиб аст .

Ҷанги хунин дар Босния ва Ҳерзеговина аз соли 1992 то 1995 идома дошт ва дар ҷараёни ин ҷиноятҳои Младич 100 ҳазор нафар кушта ва 2,2 миллион нафар овора шуданд.