Июл 19, 2021 10:05 Asia/Dushanbe
  • Пешрафти чашмгири Нерӯи дарёии Эрон
    Пешрафти чашмгири Нерӯи дарёии Эрон

Флоти баҳрии Эрон дар барқарорсозӣ ва навсозии флоти худ пешрафти назаррас ба даст овард, менависад Business Insider.

Ба гузориши вебгоҳи хабарии амрикоии Бизнесс инсайдер, Нерӯи  дарёии Эрон дар бозсозӣ ва модернсозии новгони худ пешрафти зиёде доштааст ва шиноварҳои худро ба маъмуриятҳои мухталиф дар уқёнусҳо эъзом мекунад.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки киштии зериобии Макран ва киштии зериобии Саҳанд аввалин киштиҳои баҳрии Эрон ҳастанд, ки вориди Уқёнуси Атлантик шудаанд.

Тибқи ин гузориш, Эрон бо вуҷуди маҳдудиятҳо, чанд киштии сохти дохилӣ сохтааст, аз ҷумла чаҳор киштии зериобии дараҷаи мавҷ, панҷ киштии зериобии ҳамлаи босуръати дараҷаи Сино ва ҳадди аққал як киштии зериобии класси Фотеҳ. Чор киштии зериобии синфи мавҷи пешрафта киштиҳои ҳарбии баҳрии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошанд.

Дар гузориши Бизнесс Инсайдер омадааст, нерӯии дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон масъули таъмини амнияти халиҷи Уммон ва обҳои фаротар аз Эрон аст.

Нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, низ аз халиҷи Форс муҳофизат мекунад.

Нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, низ масъулияти муштараки ҳифозат аз тангаи Ҳурмузро бар ӯҳда доранд.

Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин аҳдофи баландмуддате барои ҳузур дар уқёнусҳо дорад.

Дар ин гузориш омадааст, бо поёни таҳрими таслеҳотии Эрон  ҳамкории нерӯи  дарёии ин кишвар бо Чин ва Русия низ густариш хоҳад ёфт.

Барчасп