Раҳбари Муаззами Инқилоб: Роҳи ҷуброни ақибмондагии кишварҳои исломӣ муқовимат аст
(last modified Mon, 19 Jul 2021 07:24:04 GMT )
Июл 19, 2021 12:24 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Муаззами Инқилоб: Роҳи ҷуброни ақибмондагии кишварҳои исломӣ муқовимат аст
    Раҳбари Муаззами Инқилоб: Роҳи ҷуброни ақибмондагии кишварҳои исломӣ муқовимат аст

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёми ҳаҷ, роҳи ҷуброни ақибмондагии кишварҳои исломиро муқовимат хонданд ва таъкид карданд: Кулли минтақаи исломӣ, майдони сарбарафроштани муқовимат дар баробари шароратҳои Амрико ва ҳамроҳонаш аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба мусулмонони ҷаҳон ба муносибати айёми ҳаҷ, истимрори ҳасрати дилҳои муштоқ аз ҳузур дар зиёфати Байтуллоҳро имтиҳоне гузарои хонданд ва бо таъкид бар лузуми камранг нашудани паёмҳои ҳаҷ, муқовимат дар баробари қудратҳои мутаҷовиз ба вижа Амрикоро, аз ҷумлаи ин паёмҳои мутаъолӣ донистанд.

Эшон зимни ишора ба мушкилот ва ногувориҳои дунёи  ислом, сарбарафроштани унсурҳои муқовимат ва бедорӣ бахусус дар Фаластин, Яман ва Ироқро аз воқеиятҳои умедофарини минтақа хонданд ва таъкид карданд: Ваъдаи содиқи илоҳӣ, нусрати муҷоҳидон аст ва нахустин асари ин муҷоҳидат, боздоштани Амрико ва дигари зӯргӯён аз дахолату шарорат дар кишварҳои исломӣ аст.

Раҳбари Муъаззами Инқилоб тасреҳ карданд: Ҳамаи сухани Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дунёии истикборро нигарон ва хашмгин кардааст, даъват ба муқовимат аст: Муқовимат дар баробари дахолат ва шарорати Амрико ва дигари қудратҳои мутаҷовиз ва ба даст гирифтани сарриштаи ояндаи дунёии ислом бо такя бар маорифи исломӣ. Табиатан Амрико ва ҳамроҳонаш дар баробари унвони « муқовимат » дучори ҳассосиятанд ва ба анвоъи душманӣ бо «Ҷибҳаи муқовимати исломӣ » камар бастаанд. Ҳамроҳии бархе аз давлатҳои минтақа бо онон низ воқеияти талхе дар ҷиҳати тадовуми он шароратҳо аст.

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ афзуданд: Талоши таблиғотии амрикоиён барои таҳрифи азму хоста ва амали ҷавонони ғаюру аносури « муқовимат » дар Ироқу Сурия ва Лубнону дигари кишварҳо, мунтасаб кардани он ба Эрон ё ҳар марҷаъи дигар, тавҳин ба он ҷавонони шуҷоъу бедор ва ношӣ аз адами фаҳму дарки дурусти амрикоиҳо аз миллатҳои ин минтақа аст.

Раҳбари муъаззами инқилоб хотирнишон карданд: Ҳамин дарки ғалат мӯҷиб шуд, ки Амрико дар Афғонистон таҳқир шавад ва пас аз он вуруди пурсару  садо дар бист соли пеш ва пас аз ба кори бурдани силоҳ ва бомба ва оташ дар баробари мардуми бедифо ва ғайринизомӣ, худро дар ботлоқ ҳис кунаду нерӯ ва абзори низомии худро аз он берун  барад. Албатта миллати бедори афғон бояд муроқиби абзорҳои иттилоотӣ ва силоҳҳои ҷанги нарми Амрико дар кишвараш бошаду ҳушёрона дар баробари он боистад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд: Миллатҳои минтақа нишон додаанд, ки бедор ва ҳушёранду роҳу рӯйкарди онон аз бархе давлатҳо, ки барои рози нигаҳ доштани Амрико ҳатто ба хостаи ӯ дар масаълаи ҳаётии Фаластин тан медиҳанд, ҷудо аст.