Июл 20, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи Арафа; Рӯзи ниёиш ва бахшиши гуноҳон

Имрӯз нуҳуми зилҳиҷа рӯзи Арафа, рӯзи ниёиш ва ибодат, рӯзе, ки маърӯф ба бахшиши гуноҳон ва қабули тавба аст.

Арафа аз идҳои бузурги исломӣ аст ва касе, ки битавонад ин рӯзро дар саҳроӣ «Арафот» бошад, тавфиқи бузурге дорад.

Рӯзи Арафа аъмол ва дуоҳои фаровоне дорад ва беҳтарини амал дар ин рӯз, дуо аст. Миллионҳо зоири Хонаи Худо дар рӯзи Арафа сафед пӯш ва “лаббайкгӯён” раҳсипори саҳрои Арафот мешаванд.

Ҳаҷгузорон то мағриб, дар Арафот хоҳанд буд ва пас аз мағриб ба самти Машъар ул Ҳаром ҳаракат хоҳанд кард.

Маросими ҳаҷ бо вуқуф дар Машъар ул Ҳаром аз тулуи фаҷр то тулуи офтоби рӯзи даҳуми зилҳиҷҷа (иди Қурбон) идома меёбад, зоирон сипас ба сарзамини Мино мераванд ва пас аз Рами Ҷамарот (санг задани шайтон), қурбонӣ мекунанд ва пас аз он, тарошидани мӯи сар ё тақсир ( кӯтоҳ кардани мӯи сар ё нохун)-ро анҷом медиҳанд.

Яке дигар аз воҷиботи ҳаҷи таматтуъ, таваққуф дар сарзамини Мино дар шаби ёздаҳум ва давоздаҳуми зилҳиҷҷа аз ғурӯби офтоб то нимаи шаб ва Рами Ҷамароти сегона дар рӯзҳои ёздаҳуму давоздаҳуми зилҳиҷҷа аст.

Аз дигар аъмоле, ки зоирон сарзамини ваҳӣ бояд анҷом диҳанд то ҳаҷи худро комил кунанд, бозгашт ба Макка Мукаррама ва анҷом додани тавоф аст.

 

Барчасп