Иди Саиди Қурбон муборак бод!
(last modified Tue, 20 Jul 2021 13:08:22 GMT )
Июл 20, 2021 18:08 Asia/Dushanbe
  • Иди Саиди Қурбон муборак бод!

Рӯзи чаҳоршанбе даҳуми зилҳиҷҷаи 1442 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 21 июли 2022  Иди Саиди Қурбон ё Иди Аз Зуҳо аз идҳои бузурги мусулмонон аст.

Дар Иди Саиди Қурбон ҳоҷине, ки ба зиёрати Хонаи Худо рафтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризоӣ Ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи Паёмбари бузурги илоҳӣ, ҳазрати Иброҳим (а)-ро зинда ва гиромӣ медоранд.

Худованд барои озмудани имону ихлос ба ҳазрати Иброҳим (а) маъмурият дод, ки фарзандаш ҳазрати Исмоил (а)-ро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад. Ҳазрати Иброҳим (а) бо вуҷӯди душвории ин кор, ба фармони илоҳӣ гардан ниҳод ва барои иҷрои ин маъмурият муҳаёё шуд, аммо ҳарчӣ талош кард, корд гулӯи ҳазрати Исмоил (а)-ро набурид. Дар айни ҳол ба ҳазрати Иброҳим (а) хитоб шуд аз имтиҳони илоҳӣ сарбаланд берун омадааст ва онгоҳ гӯсфанде фиристода шуд то вай онро ба ҷои ҳазрати Исмоил (а), қурбонӣ кунад.

Иди Қурбон - иди фидокорӣ, азхудгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст.

Мусалмонони ҷаҳон рӯзи даҳуми зилҳаҷҷаро ба унвони як иди бузург ва пуршукӯҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ ба даргоҳи Худованди бузургро меомӯзанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Иди Саиди Қурбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон бавижа тоҷикистониёни азизи табрик ва таҳният мегуяд.