Роҳандозии хатти тавлиди доруи шуш барои беморони коронавӣ дар Машҳад
Июл 22, 2021 18:07 Asia/Dushanbe
Хатти тавлиди доруи "Коввиксир Порс" дар Машҳад роҳандозӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пажӯҳишгарони донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад чанде қабл муваффақ ба таҳияу тавлиди ин доруи асарбахш шуданд, ки барои беҳбуди алоими шуши бемории Ковид - 19 муассир аст.
Ин дору аз самғи гиёҳи комаи биёбонӣ ( Ferulaи foetida ) тавлид шудааст.
Доруи "Коввиксир Порс" саршор аз пайвастагиҳои полисулфид бой аст, ки сулфиди гидрогенро ба миқдори физиологӣ дар организм хориҷ мекунанд.
Бештар бихонед:
Барчасп