Июл 24, 2021 13:18 Asia/Dushanbe
  • Медали нуқраи Олимпии Ҷаҳонии риёзӣ ба донишомӯзи эронӣ расид
    Медали нуқраи Олимпии Ҷаҳонии риёзӣ ба донишомӯзи эронӣ расид

Муҳаммад Ризо Бадрӣ, донишҷӯи эронӣ, дар Олимпии ҷаҳонии математика дар соли 2021 дар Русия медали нуқра ба даст овард.

Мудиркулли омӯзиш ва парвариши вилояти Албурзи Эрон "Солор Қосимӣ" изҳор дошт: Муҳаммад Ризо Бадрӣ, донишҷӯи эронӣ ва узви дастаи мунтахаби Олимпии донишҷӯёни Эрон дар Олимпиадаи ҷаҳонии математика дар соли 2021 дар Русия, муваффақ ба медали нуқра дар ин рақобати бузурги илмӣ шуд.

Вай изҳор дошт: Ин донишҷӯи  тавонмандии Албурз  бо гирифтани медали тиллои олимпиадаи математикаи донишҷӯёни кишвар дар моҳи феврали соли гузашта ва гузаштани курсҳои илмии бомуваффақият иҷозатнома барои иштирок дар дастаи мунтахаби олимпиадаи донишҷӯёнро ба даст овард.

Барчасп