Июл 25, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Роҳи оҳани саросарии Эрон\" сабти ҷаҳонӣ шуд

"Роҳи оҳани саросарии Эрон" дар чилу чаҳорумин иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба унвони 25-мин асари мероси фарҳангии малмуси Эрон дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар нишасти асри рӯзи якшанбеи 25 июли 2021 чиҳилуа чаҳорумин иҷлоси Комитеи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ( UNESCO ) парвандаи «Роҳи оҳани саросарии Эрон » мавриди баррасӣ қарор гирифт ва бо тасвиби аъзои комитет, роҳи оҳани саросарии Эрон бо тӯли ҳудуди 1400 километр ба унвони бисту панҷумин мероси фарҳангии малмус ва нахустин мероси саноатии Эрон дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуд.

Пешинаи эҳдос ва баҳрабардории муваффақи нахустин роҳи оҳан дар Эрон ба давраи Қоҷор дар соли 1227 хуршедӣ ( 1848 милодӣ ) аз Рашт  шимоли Эрон ба бандари Пирбозору бандари Анзалӣ боз мегардад ва бақоёии ин масир ҳанӯз дар масири Рашт ба Пирбозор ва як локомотиви бухор дар муҳавватаи идораи кулли банодири устони Гелон вуҷуд дорад.

Юнеско ( UNESCO ) пас аз вақфаи яксола ба далели шуюъи бемории корона дар ҷаҳон аз 25 тирмоҳ ( 16 июл ) дар шаҳри Фуҷи Чин кори худро оғоз карда ва то нуҳуми мурдодмоҳ ( 31 июл ) идома дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп