Июл 28, 2021 08:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ даргузашти ҳуҷҷатулислом Ҳоҷ Саидризо Ҳусайниро таслият гуфтанд

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар паёме даргузашти рӯҳонии парҳезгор ва солеҳ ҳуҷҷатулислом Ҳоҷ Саидризо Ҳусайниро таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, рӯзи сешанбе дар паёме даргузашти рӯҳонии парҳезгору солеҳ ҳуҷҷатулислом Ҳоҷ Саидризо Ҳусайнӣ, падари ҳамсари ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммад Маҳмадии Гулпойгониро таслият гуфтанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, тасреҳ карданд, даргузашти рӯҳонии парҳезгору солеҳ, Абул шаҳидайн, ҳуҷҷатулислом Ҳоҷ Саидризо Ҳусайниро ба ҷаноби олӣ ва дигар бозмондагон таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати Худованди раҳимро барои эшон масъалат менамоям.

 

Барчасп